spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Талаби фарзанд аз “Сепоя”. Хурофот ё эътиқод?

Зиёрати маконҳои таърихӣ ва динӣ барои аксари аҳолии Тоҷикистон, ки аз Ислом пайравӣ мекунанд, ба одат табдил ёфтааст ва солҳо ин ҷониб риоя мегардад. Махсусан, зиёрати маконҳои динӣ, аз ҷумла мазори шахсиятҳои рӯҳонии шинохта миёни аҳолӣ маъмул аст. Дар асл ин як падидаи хуб ҳам ҳаст. Ба ин тариқ, одамон аз таърихи гузаштаи худ ва шахсиятҳои шинохтаи дини худ бохабар мешавад ва дар бораи онҳо маълумоти бештар мегиранд. Нуктае, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор дедем, ин ҳалли мушкилу барори кор хостан аз мазорҳо, дар умум хурофот миёни аҳолӣ мебошад.

“Қалъаи сурх” – зиёратгоҳе дар Исфара

Қабристони “Қалъаи сурх” маконест, ки тибқи ривоятҳо дар он шайхону олимони бузургро гӯронидаанд. Бо ин бовар мардуми шаҳри Исфара ва атрофи он аз моҳи май то сентябри ҳар сол барои зиёрат ва истироҳат ба ин ҷой меоянд.

Вақте ба ин мавзеъ ҳозир мешавед, мебинед, ки он бо ранги сурх иҳота – “гулкорӣ” шудааст. Мардум ҳангоми зиёрат бо ранҷу машаққат ба болои кӯҳ мебароянд ва дар қуллаи кӯҳ дуою фотеҳа мекунанд, то “Худованд мушкилоташонро осон гардонад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба гуфтаи Назир Назиров, нигоҳбони ин мазор, ба ин мавзеъ асосан дар фаслҳои баҳору тобистон мардум зиёд меоянд.

Ин ҷо чор қабре ҳаст, ки дар миёни мардум бо номи “Чорёрон” ё “Чаҳорёрон” маълум аст.

Гуфта мешавад, бародари аз ҳама калонӣ Хӯҷа Абдулазизи Сурхӣ ном дорад. Азбаски дар рӯяш сурхӣ бештар будааст, мардум ба он кас тахаллуси “сурхӣ”-ро додаанд.

Бародари дуюмиро Хӯҷаи Ғоиб меноманд. Аз рӯи ривоятҳо, вақте Хӯҷаи Ғоиб баландӣ мебарояд, ӯро душманон ҷустуҷӯ карда мебароянд ва ӯ аз Худо талаб мекунад, ки ба дасти душман наафтода, ғоиб шавад. Худо дуояшро мустаҷоб мекунад ва ӯ ғайб мезанад.

Бародари сеюм Хӯҷаи Рушноӣ ном дорад. Тибқи ривоятҳо, аз қабри ӯ рӯшноӣ мебарояд ва онро шаб ва танҳо одамони пок мебинанд.

Бародари чаҳорум Хӯҷаи Газ ном доранд. Ин ном аз воҳиди андозагирии дарозӣ – “газ” гирифта шудааст, зеро ӯ зиёд истифода мекардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Назир Назиров

“Бо умеди соҳиби фарзанд шудан”

Дар қуллаи ин кӯҳ қабри Хӯҷаи Ғоиб ҳаст, ки дар болои он қабр як пояе дар намуди секунҷа гузошта шудааст ва мардуми зиёраткунанда ба он латта ё пораи матоъҳои гуногун мебанданд.

Моҳира Икромова, зани 42-солаи шаҳрии Исфара аст. Ӯ 22 сол пеш оиладор шуд ва то ҳол фарзанд надорад. Ӯ мегӯяд, маблағи доштаашро сарф карда, ба бемористонҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ҳатто Русия рафт, аммо соҳиби фарзанд нашуд.

“Ахиран бо умед ба назди ин сепоя омадам, зеро ҳеҷ як духтур сабаби фарзанддор нашудани маро гуфта натавонист. Мо бо шавҳарам хешу табор нестем, оилаи солимем, аммо фарзанддор шуда наметавонем. Барои ҳамин, ба ҳар ҷойи муқаддасу зиёратгоҳе меравам то дардам даво ёбад”, – мегӯяд Моҳира Икромова.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар дарахт матоъ баста, ҳоҷат талбидан хурофот аст

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сардори шӯрои уламои дини вилояти Суғд аз мазорҳо талаби ҳалли мушкил карданро хурофот ва дурӣ аз дониши динӣ мегӯяд.

“Мазор калимаи арабӣ буда, макони зиёрат аст. Зиёрати мазори бузургон ҳеҷ бадие надорад, аммо талабидани ҳалли мушкил раво нест. Ҳамин тавр, дини Ислом хоки мазорро бӯсидану дар дарахтҳо пораи матоъ бастанро низ иҷозат намедиҳад. Барои дард пеши духтур бояд рафт ва ҳоҷатро танҳо аз Худо бояд пурсид”, – гуфт Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода.

Назир Назиров низ бовар дорад, ки ин ҳама эътиқод набуда, балки хурофот аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар асл ин ҳама бофта аст ва асос надорад, зеро ин секунҷа моликияти давлат буда, онро барои муайян кардани сатҳи баландии ин қулла гузоштаанд”,-афзуд Назиров.

Аммо бо ин ҳам, ҳар сол ҳазорон нафарон бо талаби ҳалли мушкили худ ба ин макон меоянд ва “бо ҳазор умеду орзу” пораи латта ё матоъро дар пояи ин секунҷа мебанданд. Ҳоло танаи ин оҳанпора пур аз латта шудаву ҳатто дар қисмати болоии он ҳам пораи матоъ баста шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...