spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мутахассис: “Тӯфони чангу ғубор нашъунамои зироатҳоро бозмедорад”

Дар Тоҷикистон бар асари тӯфони чангу ғубор ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба қайд гирифта шудааст. Индекс (шохис)-и сифати ҳаво мувофиқи маълумоти харита, ки обуҳаворо дар вақти воқеӣ месанҷад, “бад” аст. Ин натанҳо барои саломатии одамон, балки нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ низ зараровар аст.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, зарраҳои чангу лой сӯрохии растаниҳоро баста, ба ҳавокашӣ ва офтобгирии муътадил халал мерасонанд. Ин ба гирифторӣ ба бемориҳои гуногуни растанӣ, пайдо шудани ҳашароти зараррасон ва дар натиҷа нобуд шудани ҳосил боис мегардад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳушдори ҳавошиносон аз чангу ғубор. Тавсияҳо ба беморон ва барои пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш

“Агар пас аз чангу ғубор борони начандон зиёд борад, ин ба фоидаи кор хоҳад буд, зеро об лойҳои ба ниҳолҳо часпидаро шуста мебарад”, – мегӯяд фермер аз Турсунзода Бахтиёр Ҳаитбоев.

Тӯфони чангу ғубор бахусус ба қулфинай ва бодиринг дар ҳавои кушод таъсири манфӣ мерасонад, ҳарорати паст нашъунамои помидор, қаланфур ва бодинҷон (баклажан), дарахтони мевадорро бозмедорад. Тибқи мушоҳидаҳои мо, таъсири манфии чангу ғубор ба токҳои ангур ва кишти пиёзу карам низ ба назар мерасад.

Аз тарафи дигар, боришоти эҳтимолии зиёд низ ба киштзорҳо таъсири манфӣ расонида, боиси бемориҳо ва афзоиши ҳашароти зараррасон мегардад.

“Дар ин сурат ба деҳқонон лозим меояд, ки киштзорро бо воситаҳои муҳофизатӣ коркард кунанд ки ин хароҷоти иловагиро талаб мекунад, — мегӯяд доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев. — Ҳарорати паст ва намии баланд ба ҳосили дарахтони мевадор ва  токзор таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, дар чунин шароит истифода бурдани маводи кимиёвӣ ва биологӣ тавсия дода мешавад».

Тӯфонҳои чангу ғубор ба Тоҷикистон дар ноил гардидан ба иҷрои нақшаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ халал расонида метавонанд: имсол дар ҷумҳурӣ ба даст овардани ҳосили зиёда аз 2,6 млн тонна сабзавот, 1,1 млн тонна картошка, 855 ҳазор тонна полезиҳо ва 500 ҳазор тонна мева пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи Ҳаитбоев, тӯфонҳои гарду ғубор дар натиҷаи эрозия (фарсоиш)-и шамол ба амал меоянд: шамол зарраҳои хурди хоки хушки беҳимояро мебарад. Ин гуна эрозия, масалан, дар ҷойҳое, ки дарахт мерӯяд, мушоҳида карда намешавад.

“Бинобар ин, дар атрофи киштзорҳо камарбанди ҷангалҳои муҳофизатӣ бунёд кардан лозим аст”, – зикр кард фермер.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...