spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Мояи бенангист”. Дар Мастчоҳ номи ҷавонони хидматгурезро дар бозору масҷидҳо часпонидаанд

Масъулини ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо нашри баёнияе, ки дар он рӯйхати 160 нафар даъватшаванда дарҷ шудааст, гуфтааст, ин ҷавонон бо ҳар роҳу воситае аз даъват ба хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Дар ин феҳрист асосан онҳое зикр шудаанд, волидайнашон дар гузашта шахси мансабдори давлатӣ будаанд.

Дар ин бора нашрияи “Машъал” бо такя ба баёнияи дастраскардааш хабар дода, менависад, рӯйхати даъватшавандагони саркаш бо дастури роҳбарияти ҷамоати шаҳрак дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла назди бозори марказии ноҳияи Мастчоҳ ва пушти дари масҷидҳои ҷомеъ насб шудааст.

Дар рӯйхат аксар он даъватшавандагоне оварда шудаанд, ки синни таваллудашон аз соли 1998 то 2004 мебошанд. Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки “падару модарони онҳо уҳдадориашонро дар назди қонун иҷро наменамоянд ва гурез аз хизмати ҳарбӣ ба шаъни ҷавонписарон низ намезебад ва ин рафтори онҳо мояи бенангист”.

“Дар рӯйхат асосан даъватшавандагоне дарҷ гардидаанд, ки падаронашон омӯзгор ё дар гузашта шахси мансабдори давлатӣ буданд. Зимни даъвати шаҳрвандон аксари падару модарон бо ҳар баҳонае аз гирифтани даъватномаи фарзандонашон саркашӣ менамоянд”, – менависад нашрия бо такя ба масъулини ҷамоати шаҳрак.

Гуфта мешавад, чанде пеш дар як ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия прокурори ноҳияи Мастчоҳ аз рафти иҷрои даъват ба хидмати ҳарбӣ шадидан интиқод карда, гуфт, “фаъолияти комиссияи даъвати ноҳиявӣ чандон қонеъкунанда нест”.

Тибқи маълумоти “Машъал”, то ҳол дар 6 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ бо сабабҳои набудани мутахассис мизҳои ҳарбӣ фаъолият намекунанд. Ин вазифа дар рӯзҳои маъракаи даъват ба зиммаи худи раиси ҷамоат ва ё муовини раиси ҷамоат вогузор карда мешавад.

Бояд гуфт, ин гуна тартиб додани феҳристи “ҷавонони хидматгурез”  ва насб кардани он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бесобиқа буда, дар гузашта чунин иқдоми масъулин расонаӣ нагардида буд.

Дар гузашта масъулин ному насаби ҷавонони синну солашон мувофиқ ба хидмати ҳарбиро тартиб дода, ба масъулини фурудгоҳҳо мефиристоданд, то онҳо аз кишвар берун рафта натавонанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз "гаравгонгирии волидайн" то “шикор” дар фурудгоҳ. 10 шеваи ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш

Дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май давом меёбад. Ба хидмат ҷавонписарони синни аз 18 то 27-сола ҷалб мешаванд. Ин қишри ҷомеа дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор нафар гуфта мешавад. Аз миёни ин теъдод, тибқи иттилои ғайрирасмӣ, дар ҳар як мавсими даъват 6-7 ҳазор нафар ба артиш ҷалб мегардад. Аммо он ҳам ба душворӣ иҷро мешавад.

Бояд гуфт, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар чанд солаи ахир шеваи ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш, ба мисли “гаравгонгирии волидайн” то “шикор дар фурудгоҳ” зиёд расонаӣ мешуд.

Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Маврид ба зикр аст, ки мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайра пешниҳод менамоянд.

Бо зикри имтиёзҳои пешниҳодгардида, мақомот аз афзоиши ихтиёриён ба хидмати ҳарбӣ мегӯянд ва барои риоя кардани тавозун, хабарҳо аз рафтани хидмати писарони мансабдорон ба артиш низ садо медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...