Маҳр ин пули нақд ва молу матоъ, ки дар вақти никоҳ, яъне издивоҷ барои арӯс ба зиммаи домод муқаррар карда мешавад. Мувофиқи қонуни шариати Ислом пардохти маҳр барои мусалмонон ҳатмӣ аст.
Он чанд пул аст ва кай бояд пардохт гардад? Шариати ислом чӣ талаб мекунад ва қонунҳои дунявӣ чӣ? Таҷрибаи давлатҳои дигар ва воқеияти Тоҷикистон.
Пардохти маҳр фарз аст
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон маҳрро рамзи садоқати мард нисбат ба зан ва заминаи пойдории хонавода меҳисобад.
“Маҳр ҳаққи шаръиест, ки ҳангоми издивоҷ (пеш ва ё баъд) аз ҷониби мард барои зан бояд дода шавад. Худованд мефармояд: “Ва маҳри занонро ба таври ҳатмӣ бипардозед”. Агар дар вақти никоҳ аз маҳр ёде накунанд ҳам, аз байн намеравад ва ҳамчун фарз бар гардани мард мемонад”, – мегӯяд Хомӯшӣ.
Ба қавли ин рӯҳонӣ, миқдори ҳаққи маҳрро ба хотири осон кардани издивоҷ кам кардан мумкин аст.
“Аз ин лиҳоз, набояд маҳрро, ки нишонаи садоқату вафодории мард ба паймони муқаддаси издивоҷ аст, ба василаи фахрфурӯшӣ ё маҷбур кардан ба идомаи зиндагӣ ва издивоҷ намуд”, – таъкид мекунад рӯҳонӣ.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ мегӯяд, камтарин миқдори маҳр ҳафт мисқол нуқра (1 мисқол – 4,68 грамм аст) мебошад. Болотарин ҳаққи маҳр дар дастуроти шариат муайян нагардидааст. Зан метавонад ҳаққи маҳрро боло барад, аммо мард наметавонад аз камтарин миқдори муайянкардаи шариати Ислом кам маҳр диҳад, агарчӣ зан ҳам хоҳад.
“Зан ҳақ дорад худ миқдори маҳрро муайян кунад ва ё касеро вакил интихоб намояд. Ӯ бо таъйини маҳр ҳамчун фарди комилҳуқуқ, дорои ҳайсият ва каромати иҷтимоӣ ва шахсияти мустақили иқтисодӣ вориди арсаи зиндагии муштарак мегардад. Зан ҳуқуқ дорад, ҳаққи маҳрро бо салоҳдиди хуб харҷ намояд. Агар мард занро талоқ дод ё аз дунё даргузашт, тамоми маҳр бояд ба зан пардохта шавад. Агар зан бо хоҳиши худ тамоми маҳр ё миқдоре аз онро ба шавҳар бахшад, ҷоиз аст, вале агар шавҳар ӯро ба бахшидани маҳр маҷбур созад, ҷоиз нест”, – зикр намуд сардори раёсати фатвои Маркази исломӣ.
“Хушбахтӣ муҳимтар аз маҳр аст”
Шоҳназар Алиев, ки дар замони Шӯравӣ оила бунёд кардааст, мегӯяд, он вақт аз ҷониби муллое, ки никоҳ мекард, маҳр 300 тангаи бухороӣ муайян карда шуд.
“Ин 300 тангаи бухороӣ пардохт намешуд. Онро бо пули ҳамонвақта баргардон ва барои харидани либосу ҷавоҳирот сарф мекарданд. Ҳоло дар деҳаи мо маҳрро бо қалин якҷоя пардохт мекунанд”, – мегӯяд Шоҳназар Алиев.
Вақте Шаҳло Юнусова панҷ сол пеш оила бунёд кард, дар бораи маҳр хабар надошт. Вақти никоҳ фаҳмид, ки мард бояд ҳаққи маҳрияро пардохт кунад.
“Маблағе, ки ҳангоми никоҳ муайян карда шуд, то ҳол пардохт нашудааст, аммо бовар дорам, бо даст додани имкон шавҳарам онро медиҳад. Агар пардохт накунад ҳам даъвое надорам, зеро тӯли зиндагии якҷоя аз шавҳарам тӯҳфаҳои зиёд гирифтаам. Беш аз ин, муҳаббате, ки дорем, бароям кофӣ аст”, – зикр мекунад Шаҳло Юнусова.
Издивоҷ барои маҳр ва кунҷи зиндон
Бояд зикр кард, ки маҳр дар давлатҳои гуногун ба шеваи фарқкунанда пардохт мешавад. Агар дар Тоҷикистон ба маҳр бо назардошти вазъи иҷтимоӣ бархӯрд шавад, дар баъзе давлатҳо ҳаққи маҳр хеле зиёд талаб карда мешавад.
Масалан, Масуд Гударзӣ, шаҳрванди ҶИ Эрон бо нигаронӣ аз гарон будани ҳаққи маҳрия мегӯяд, “мард агар ҷойи кор ва маблағи кофӣ надошта бошад, издивоҷ барояш сангин аст”.
“Дар Эрон маҳр бо тангаи тиллоӣ ҳисоб мешавад. Пасттарин маҳр 125 танга ва баландтаринаш санаи таваллуди зан аст. Маҳр ба зан ё хонаводаи зан дода намешавад. Он дар шаҳодатномаи ақди никоҳ навишта шуда, агар дар зиндагӣ мушкиле пеш ояд ва ё зану мард аз ҳам ҷудо шаванд, бояд пеш аз талоқ маҳри зан пардохт шавад”, – зикр мекунад Гударзӣ.
Ин шаҳрванди Эрон мегӯяд, бисёр ҷавонон ба сабаби маҳр издивоҷ намекунанд. Ҳамчунин, баъзе занҳо танҳо ба хотири гирифтани ҳаққи маҳр ба шавҳар мебароянд.
“Пардохти ҳаққи маҳр мӯҳлати муайян надорад, мард метавонад якбора пардохт кунад ва агар имконият надошта бошад, қозӣ онро ба қисмҳо ҷудо мекунад. Аммо агар дар вақти муайяншуда пардохт нашавад, тавассути додгоҳ мард ба зиндон андохта мешавад”, – мегӯяд Гударзӣ.
Маҳр дар давлати дунявӣ
Зикр кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон, ки давлати дунявӣ аст, дар сатҳи қонун ҳаққи маҳр танзим карда нашудааст.
Раҳимҷон Маҳмудов, ҳуқуқшиноси мустакил, мегӯяд, дар давлати дунявӣ дин аз ҳокимияти давлатӣ ҷудо буда, дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ, на динӣ танзим карда мешавад, қарорҳои мақомоти давлатӣ наметавонанд асосҳои динӣ дошта бошанд.
Ӯ пешниҳод мекунад, ки мақомоти зиддахли давлатӣ, ин масъаларо бояд таҳқиқ намоянд ва назари мардумро низ бояд гиранд, ки оё пардохти маҳр зарур аст ё не. Агар зарур бошад, пас дар доира қонун чӣ тавр бояд танзим гардад.
Ҳамин тавр, ҳоло дар ҳар манотиқи кишвар маҳр ба таври гуногун ва бо назардошти анъанаҳои шаклгирифтаи он маҳал пардохт карда мешавад, аммо он дар ҳеҷ як санад мушаххасан зикр намегардад.