Агар шаҳодатномаи ронандагӣ (права)-и категорияи “В” барои мошинҳои сабукрав гирифтан мехоҳед, он 2 ҳазору 605 сомонӣ арзиш дорад. Барои иваз кардани шаҳодатномаи ронандагии аллакай доштаатон бошад, 635 сомонӣ маблағ сарф мекунед.
Хондан чанд пул меистад ва ба он чиҳо дохил мешавад?
Дар мактабҳои ронадагии ҷумҳурӣ вобаста ба сифат ва шароит нархи омӯзиш гуногун аст – аз 700 то 950 сомонӣ. Омӯзиш ба ҳисоби миёна 770 сомониро ташкил медиҳад.
Ба ин ҷо 700 сомонӣ барои дарсҳо, 30 сомонӣ – барои шаҳодатнома дар бораи хатми омӯзиш ва 40 сомонӣ – барои таҷрибаи амалии рондани автомашина дохил мешавад.
Мувофиқи меъёр, шумо бояд дар шаҳр ё автодром 15 бор рондани автомашинаро омӯзед. Барои ҳар кадоме аз ин машғулиятҳо шумо алоҳида аз ҳисоби худ 40 сомонӣ пардохт мекунед. Агар шумо таҷрибаи рондан дошта бошед, пас ҳамагӣ 1 маротиба маблағи онро месупоред.
Агар шумо аллакай таҷрибаи ронандагӣ дошта бошед ё қоидаҳои ҳаракати роҳ (ПДД)-ро донед, пас шумо метавонед ба ҷои 700 сомонии муқаррарӣ 800 сомонӣ пардохт кунед (бо кадом сабабҳое дар БДА дар омӯзиш набудан аз худи омӯзиш гаронтар аст), то ки дар дарсҳои омӯзиши Қоидаҳои ҳаракати роҳ иштирок накунед. Аммо хоҳ-нохоҳ дар охир ба шумо лозим меояд, ки барои гирифтани шаҳодатнома тестҳо супоред.
Давраҳои омӯзишӣ (курсҳо) 2-3 моҳ давом мекунанд, сипас мактаб ба шумо шаҳодатнома дода, бо он шумо бояд ба автодроми БДА равед ва дар он ҷо имтиҳон ва тестҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро супоред.
Хароҷоти супоридани имтиҳонҳо барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ:
Муоинаи тиббӣ – 105 сомонӣ
Суғурта – 100
Супурдани изи ангуштон барои махзани маълуомти БДА – 30
Тестҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ – 100
Марҳилаи аввали имтиҳон дар автодром (иҷоза, допуск) – 540
Марҳилаи дуюми имтиҳон дар роҳи кушод берун аз автодром (иҷоза) – 340
Сурат – 20
Пардохти маблағ барои ворид намудани маълумоти шумо (Ному насаб, сурат, изи ангуштон) ба махзани махсуси БДА – 570
Боҷи давлатӣ, ки бояд дар “Амонатбонк” пардохт кунед – 30.
Пас аз пардохт шуморо лозим меояд, ки аз 5 то 15 рӯз мунтазир шавед. Сипас давраи омӯзиши шуморо муайян мекунанд.
Дар маҷмӯъ, хароҷоти хондан ва гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ барои шумо ҳудуди 2 ҳазору 605 сомониро ташкил хоҳад дод.
Барои иваз намудан ё нав кардани шаҳодатномаи ронандагӣ чанд пул лозим аст?
Агар шаҳодатномаи ронандагии шумо намунаи кӯҳна бошад ё шумо ному насабатонро иваз кардед ва ё мехоҳед онро нав кунед, пас шуморо лозим меояд, ки барои суғурта 50 сомонӣ, ариза дар бораи иваз -10 сомонӣ, муоинаи тиббӣ – 105 сомонӣ, нусхабардорӣ (сканкунӣ)-и изи ангуштон – 30 сомонӣ, ба хазина (касса)-и БДА – 420 сомонӣ ва боз барои сурат – 20 сомонӣ маблағ пардохт кунед.
Ба сурати умум, шумо 635 сомонӣ харҷ карда, вобаста ба навбатин ҳудуди 2-5 соат вақтро дар бар мегирад.