Дар Душанбе сар аз 28-уми апрел бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт қатъ гардида, муваққатан хатти сайри чанд маршрут иваз карда мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳаракати нақлиёт дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ дар масофаи 0,7 км муваққатан маҳдуд гардида, барои ивазкунии он кӯчаҳои дигари ҳамшафат пешбинӣ мешавад.
“Дар ин масир ба хатсайри автобусии №81 ва хатсайрҳои микроавтобусии № 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад”, – менависад шаҳрдорӣ.
Аз ин лиҳоз, шаҳрдории пойтахт аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мекунад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Соҳилӣ истифода намоянд.
Бояд гуфт, сар аз 12-уми апрел ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ бо сабаби таъмир шудан ба муддати номуайян маҳдуд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар бархе роҳҳои пойтахт корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷараён дорад ва дар оянда боз ҳам маҳдудиятҳо пешбинӣ мегардад.