Дирӯз, 25-уми апрели соли равон, дар идораи Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар мавзӯи “Ҳадди таҳаммулпазирии динӣ дар Тоҷикистон” Ток-шоуи навбатӣ сабт гардид, ки дар он намояндагони мақомоту динҳои дигар, руҳониён ва коршиносону донишмандони соҳа таҳаммулпазирӣ дар кишварро ба баҳс кашиданд.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ, тарғиби таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеа зикр карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ ё Шӯрои уламо, Маркази исломии Тоҷикистон, коршиносони соҳаи дин, намояндагони динҳои дигар, ки дар Тоҷикистон расман фаъолият мекунанд ва донишмандону рӯзноманигорон ширкат ва байни ҳам мубодилаи афкор карданд.
Аз ҷумла, Ҷамолиддин Хомушӣ, узви Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, дини ислом ва мазҳаби Имоми Аъзам яке аз таҳаммулпазиртарин дину мазҳаб дар рӯи олам аст ва интихоб дар он иҷборӣ нест.
Ҳамчунин, Муслиҳиддин Хоҷамирзода, намояндаи Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон афзуд, айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 60 равияҳои гуногуни ғайриисломӣ озодона фаъолият мекунанд ва ин гувоҳӣ вуҷуди таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси масоили динӣ дар Тоҷикистон ба баҳс ҳамроҳ шуда, гуфт, пеш аз он ки дар бораи таҳаммулпазирии динӣ суҳбат мекунем, бодя аввал маълум кунем, ки худи таҳаммулпазирӣ чист ва ченаки муайянкунандаи он кадом аст.
Ба гуфтаи ӯ, бо чанд шарҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зери тасмими Абдуқодир Талбаков (Ориёнмеҳр Зардушт) баъди ба дини Зардуштӣ гаравиданаш навиштанд, набояд меъёри таҳаммулпазириро дар ҷомеа баҳо дод, чунки инҷо гап сари фарҳанги истифодаи шабакаҳо аст.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки тасмими ба дини Зардушт гаравидани ӯ дар ҷомеаи мусулмонии Тоҷикистон сару садои зиёдеро ба бовар овард, дар бораи ҳадафи аслии тасмимаш, таҳқиру тавҳини корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ ва дар баъзе мавридҳо, фишору таҳдидҳо ба худашро нақл кард.
Ӯ аз ҷумла афзуд, ки дар робита ба таъсиси Анҷумани зардуштиёни Тоҷикистон чанде пеш бо раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим суҳбат дошт ва дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷтаҳои зарурӣ онҳо омодагии худро барои ба қайд гирифтани анҷуман изҳор доштанд.
Сайфуллоҳ Муллоҷонов, таърихшинос ва донишманди тоҷик ба сайри таърих назар карда, афзуд, назар ба Аврупову қитаъиҳои дигар Осиёи Миёна дар гузашта ҳам аз нигоҳи таҳаммулпазирӣ осебпазир буд.
Шодимаҳмад Суфизода, донишмнади дигари тоҷик афзуд, ягона роҳи рушди таҳаммулпазирӣ ин дониш ва рушди илм аст ва маҳз ин ду омил мардуми Аврпоро, ки дар гузашта таҳаммулпазир набуданд, аз варта раҳонид ва онҳо имрӯз бо намояндагони динҳои дигар бархурди нарм доранд.
Мавзӯи набудани маконҳое, ки наврасону ҷавонон тавонанд, таълимоти динӣ гиранд, камчинии адбиётҳои динӣ дар бозору мағозаҳои китобфурӯшӣ, ки ин ҳама ба таълимоти нодурустӣ дин оварда расонидааст, аз баҳсҳои дигари барнома буд.
Зимнан, маъвизаҳои муллоҳои “онлайнӣ” ва набудани тафаккури интиқодии ҷавонон дар масъалаҳои динӣ аз мавзуҳои дигари баҳси дирӯза буд.
Мавзӯъҳои дигари марбут ба таҳаммулпазирии динӣ, қиссаҳои воқеӣ аз ҳаёти одамон, ки динҳои худро иваз карданд, таҳаммулпазирӣ аз нигоҳи ислом ва дигар динҳо ва мавзуҳои дигари марбут ба таҳаммулпазирии динӣ аз қисмати дигари барнома буд, ки як баҳси ҷолибу созанда ва қобили даркро ба миён овард.
“Ток шоу” дар сомонаи “Азия-Плюс”, саҳифаҳои расмии он дар “YouTube”, “Facebook” ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳафтаи оянда нашр мешавад.
Интизори пахши барнома бошед ва саҳифаҳои моро дар ин пайвандҳо пайгирӣ кунед: