spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Моҳи май обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди 1-2 дараҷа болотар аз меъёр пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, аз обуҳавои абрноки тағйирёбанда, баъзан боридани борону раъду барқ ва жола интизорӣ меравад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо 20-25 ва ноҳияҳои доманакӯҳ 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳистони Ноҳияҳои тобеи марказ боришоти болотар аз меъёри иқлимӣ (меъёр 59-139 мм) пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон моҳи май ҳарорат дар водиҳо рӯзона 27-32 ва шабона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи боришот дар вилоят баъзан аз меъёр болотар мешавад (меъёр дар водиҳо 21-73 мм ва ноҳияҳои доманакӯҳ – 98-135 мм).

Дар баъзе рӯзҳо суръати вазиши шамол аз самти ғарб бо чангу ғубор то 15-20 метр дар як сония зиёд мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва баъзан болотар дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо 21-22 ва дар кӯҳҳо – 9-12 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорат метавонад баъзан то 35 дараҷа гарм шавад. Шабона ҳарорат аз 9 то 18 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон борону жола ва раъду барқ дар назар аст

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, дар шимоли кишвар миқдори боришот аз меъёр паст шуда, лекин дар баъзе рӯзҳо раъду барқу боридани борон ва дар ағбаҳо туман пешгӯӣ мешавад.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гармии каме зиёдтар аз меъёр – 12-15 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Давоми моҳ дар ВМКБ обуҳавои тағйирёбанда – рӯзона аз 15-20 то 23-28 ва шабона – аз 3-8 то 12 дараҷа гарм дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, моҳи май ба истиснои ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии  тобеи марказ, дар ҷумҳурӣ миқдори боришот дар ҳудуди меъёр пешгӯӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...