spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Падари як ҷавон иддао дорад, ки комиссари ҳарбии Панҷ писарашро латукӯб кардааст

Падари Сунатулло Инагамов, як сокинои ноболиғи ноҳияи Панҷ дар вилояти Хатлон, иддао дорад, ки Фитрат Раҳмонзода, комиссари ҳарбии ноҳия писарашро латукӯб кардааст.

Илҳом Бобоев, падари ҷабрдида, дар ин бора ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, писараш “ҳоло дар ҳолати вазнин ва дар беморхона бистарӣ шудааст”.

Худи комиссар ҳодисаро шарҳ надодааст. “Asia-Plus” омодааст назари ӯро низ интишор намояд.

Ба гуфтаи Илҳом Бобоев, ин ҳодиса соати 22:00-и 24-уми апрел рух дода, Фитрат Раҳмонзода, комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ, писари 18-сола, хонандаи синфи 11-ро иҷборан ба комиссариати ҳарбӣ бурдааст ва дар утоқи кориаш латукӯб кардааст.

“Сунатулло баъди дарс дар яке аз нуқтаҳои мошиншӯйи кор мекунад. Шаби 24-уми апрел Фитрат Раҳмонзода, комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ, назди нуқтаҳои мошиншӯӣ рафта, хостааст, ки мошини ӯро бе навбат шӯяд. Сунатулло рад карда, гуфтааст, ду нафар дар навбат аст ва танҳо баъди ду мошин, мошини комисарро мешӯяд”, – гуфт Илҳом Бобоев.

Ба қавли падари Сунатулло “пас гирифтани ҷавоби рад, ғазаби комиссар баланд шуда, кормандонашро гуфтааст, ки ин “бачаро ба комиссариати ҳарбии ноҳия баранд”. Дар комиссариати ҳарбӣ Сунатуллоро барои “гапгардонӣ” сарзаниш карда, сарашро қисман тарошидаанд”.

“Баъди тарошидани сараш, писарам эътироз мекунад ва аз комиссар мепурсад, ки чаро бо ӯ чунин дағал муносибат доранд. Баъди ин, Сунатуллоро латукӯб мекунанд ва ба ҷойи кораш оварда мепартоянд”, – гуфт Илҳом Бобоев.

Ба гуфтаи падари Сунатулло “писарашро саҳар ҳамкоронаш дар ҳолати вазнин ба беморхона мебаранд”.

“Натиҷаи ташхиси пешакии табибон мушаххас кард, ки беш аз ҳама сари писарам осеб дидааст ва шунавоии як гӯшаш паст гардидааст”, – гуфт Илҳом Бобоев.

Ӯ меафзояд, ки “аз прокуратураи гарнизони вилояти Хатлон баёноти Сунатуллоро гирифтанд, аммо ташхиси судӣ то ҳол хулосаи ниҳоии худро пешкаш накардааст”. Комиссар ҳам то ҳол ягон маротиба аз ҳоли Сунатулло хабар нагирифтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар артиш латукӯб карданд? Ба кадом ниҳодҳо ва чӣ тавр метавон муроҷиат намуд?

Талошҳои мо барои гирифтани назари Фитрат Раҳмонзода, комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ, бенатиҷа буд. Аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳам ба тамосҳои бардавоми мо ҷавоб надоданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳоло дар кишвар маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш идома дорад ва ба андешаи коршиносон, рух додани чунин ҳодисаҳо, ҷавононро аз хидмат дар сафи артиш дилсард мекунад.

Ин ҳодисаи дуюм аст, ки вобаста ба артиш давоми ҳафтаи ҷорӣ расонаӣ мегардад. Оғози ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он латукӯби наваскарон инъикос ёфта буд. Мақомоти масъул то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Танҳо Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар пайи ҳодисаи мазкур панҷ сарбоз ва сардори комендатураи якуми “Ворух”, қисми низомии вобаста ба нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро боздошт кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...