Тибқи маълумоти гуногун аз 33 то 49 фоиз аҳолӣ дастрасӣ ба оби ошомиданӣ надоранд. Мушкилоти бештар дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ба назар мерасад – яке аз онҳо ноҳияи Восеъ.
“Дар деҳаи мо як обанбор аст, ки ҳама аз он ҷо бо навбат ва ҳаҷми муайян (лимит) об мегиранд, – мегӯяд Дилафрӯз Юсуфова, сокини деҳаи кӯҳистонии Хоҷа Муъмин. – Аз ин рӯ муноқишаҳо низ сар мезананд. Ба наздикӣ ду зан ҷанҷол шуданд. “Чаро ба дигар зан ду “фляг” (зарф) об додеду ба ман бошад ду “бистлитра” медиҳӣ!?”,- гуфта, ӯ дигар занро зад, ва охирин беҳуш шуда афтид”.
Маъмулан кашонидани об ба зиммаи занон гузошта шудааст. Онҳо бо аробаҳо ҳар рӯз ба хонаҳояшон садҳо литр мекашонанд.