Мақомоти шаҳри Турсунзода сокинони маҳаллиро огоҳ кардаанд, ки сохтмони биноҳои иловагиро дар назди ҳавлиҳои худ қатъ кунанд. Гап дар сари он аст, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр, ки ҳанӯз соли 2017 тасдиқ шуда буд, дар ин қитъа бино ва иншооти муосири бисёрошёна сохта мешавад.
Қаблан мақомоти шаҳр ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки то соли 2035 қаламрави шаҳри Турсунзода 537 гектар зиёд шуда, масоҳати умумии қисмати марказии он 1 ҳазору 413 гектарро ташкил хоҳад дод.
Васеъшавии шаҳр аз ҳисоби заминҳои се ҷамоати гирду атрофи шаҳри металлургҳо сурат мегирад. Ҳадафи аслии нақшаи генералии нав ба берун аз ҳудуди шаҳр баровардани бозори марказӣ мебошад.
То ин дам як қисмати бозор аз қаламрави шаҳр бароварда шуда, дар фурсати наздик бозор пурра барҳам дода мешавад.
Бозори либосу лавозимоти рӯзгори “Варзмол” пурра тахриб шуда, дар ҷойи он сохтмони бинои мактаби хусусӣ ва маҷмааи варзишӣ оғоз шудааст.
Айни замон зиёда аз 60 ҳазор нафар дар шаҳри Турсунзода кору зиндагӣ дошта, норасоии шадиди манзилу боғҳои истироҳат, таваққуфгоҳҳо барои автомашина ва мактабу кӯдакистонҳо эҳсос мешавад.
Ғайр аз ин, инчунин пешбинӣ шудааст, ки ҳамаи корхонаҳои саноатӣ ба берун аз ҳудуди шаҳр ба минтақаи махсуси саноатӣ кӯчонида мешаванд. Дар ин минтақа дар ҳоли ҳозир корхонаҳои истеҳсоли алюминий, ноқил, корхонаҳои соҳавӣ ва як қатор корхонаҳои хурди масолеҳи сохтмон амал мекунанд.
Сохтмони корхонаи нави истеҳсоли чинӣ (фарфор) ва корхонаи коркарди партовҳо берун аз шаҳр идома дорад.
Қобили зикр аст, ки шаҳри Турсунзода ба ҳалқаи III агломератсияи Душанбе дохил шуда, яке аз ноҳияҳои сераҳолӣ мебошад ва ин ҷо мушкили манзил хеле шадид эҳсос мешавад. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар аввали сол теъдоди аҳолии ноҳия ба зиёда аз 350 ҳазор нафар расида, дар деҳот барои сохтмони манзил қариб замини мувофиқ намондааст.
Мақомот ният доранд, ки минбаъд ҷудо кардани қитъаҳои заминро маҳдуд карда, ба оилаҳои ҷавон ипотека барои харидории манзилро дар микрорайонҳои шаҳр пешниҳод намоянд.
Барои ҳамин ҳамаи иншооти савдо ва саноатӣ маҳз дар гирду атрофи шаҳр сохта шуда, дар қисмати марказӣ бештар бунёди иншооти истиқоматӣ ва иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар мақомоти иҷроияи шаҳр ба”Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлолият сохтмони ҳудуди 400 иншоот, аз ҷумла биноҳои истиқоматии 9 ва 12-ошёнагӣ бо тамоми зерсохтори зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Дар шуъбаи меъмории шаҳр зикр карданд, ки барои ташвиши сокиноне, ки хонаҳояшон тахриб мешавад, ҳеҷ асосе нест. Оид ба ин масъала комиссия ташкил шуда, ба тамоми арзу шикояти соҳибхонаҳо расидагӣ мекунад.