Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо киностудияи “Лендок”-и Русия 4 филми ҳунарӣ, мустанад ва тасвирӣ ба навор мебардорад. Дар ин бора аз МД “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин тавофуқ ҳафтаи гузашта дар мулоқоти Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” бо Алексей Телнов, директори генералии киностудияи “Лендок” ҳосил шудааст.
“Маҳмадсаид Шоҳиён ва Алексей Телнов зимни вохӯрӣ доир ба рушди ҳамкориҳо, филмбардории муштарак ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ибрози назар карданд”, – гуфтанд дар “Тоҷикфилм”.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо барои ба навор бардоштани 4 филми ҳунарӣ, мустанад ва тасвирӣ тавофуқ ҳосил кардаанд: филмҳои ҳунарии “Оромӣ дар кӯҳҳо”, “Афсонаи пирмард Хаттаб”, филми мустанади “Масҷид” ва филми тасвирии “Бабри барфӣ”.
Ба таъкиди манбаъ, дар таҳияи филмҳо аҳли эҷоду техникӣ ва ҳунарпешаҳои тоҷик ҷалб карда шуда, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодӣ ва ҳунарпешаҳои рус ва ҳунарпешаҳои дигар кишварҳо рӯйи навор оварда мешавад.
Пешбинӣ мешавад, ки ин филмҳо дар манотиқи Тоҷикистон ба навор бардошта хоҳанд шуд. Масъулини “Лендок” муддати ду рӯз аз ҷойҳои таърихию сайёҳӣ ва НБО “Норак”, “Хоҷа оби гарм”, дараи Варзоб ва Қалъаи Ҳисор боздид кардаанд.
“Аҳли эҷоди киностудияи “Лендок” ҳоло ба таҳияи филмнома оғоз кардааст ва аз пурра омода шудани он, барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҳайати мушовараи “Тоҷикфилм” пешниҳод мекунанд”, – гуфт манбаи мо.
Бояд гуфт, ҳоло “Тоҷикфилм” бо Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ҳам ҳамкориашро ба роҳ мондааст. Дар ҳамкорӣ ва тавофуқи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳурҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” шурӯъ гардидаст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрел дар павилиони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” шурӯъ гардида буд ва ҳоло натиҷаи он расонаӣ нагардидааст.