spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳалокати 4 нафар дар пайи заҳролудшавӣ аз хӯрок дар Шаҳритус

Дирӯз, 2-юми май, дар деҳаи Холматови ҷамоати деҳоти Худойназари ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 9 узви ду оила аз хӯрок заҳролуд шуда, дар натиҷа, 4 нафар  ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвр хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ҳодиса, бегоҳии дирӯз, 2-юми май, тахминан соати 18:35 рух дода, ҳамаи онҳо дар натиҷаи хӯрдани хӯрок заҳролуд шудаанд. Маълум нест, ки онҳо маҳз аз кадом намуди ғизо заҳролуд шудаанд.

КҲФ ҳамчунин, аз ҳалокшудагон ва бистаришудагон ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки тафтиши ҳодиса идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъи худ навиштааст, ки қурбониён панҷ узви як хонадон буда, дар байнашон се кӯдак ҳам ҳаст, ки ҳамаи онҳо дар беморхона ҷон доданд.

Ҳамаи онҳоро субҳи имрӯз, 3-юми май, дар оромгоҳи деҳаи Свердлови ноҳия дафн кардаанд.

“Шахсони наздик ба оила хабар доданд, ки эҳтимол заҳролудшавӣ аз ғизои консервашуда сабаби марг шудааст. Муҳайё Авазалиева ва хоҳараш Миҷгона Авазалиеваро бо се кӯдак шоми 2-юми май ба шифохонаи ноҳияи Шаҳритус бурда буданд”, – навиштааст манбаъ.

Ин ҳодисаи аввал нест, ки хӯриши хонагӣ ё хӯрок боиси марги чанд узви як оила мешавад.

Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонавода аз хӯриши “икра” (хӯриш) заҳролуд шуда, се аъзои оила ба ҳалокат расида буданд.

Ҳодиса рӯзи 11-уми ноябри соли 2022 дар оилаи Каримовҳо, сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳия рух дода буд.

Ҳамчунин, чанде пеш ду кӯдаки 9 ва 12-сола ҳамроҳи модарашон дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент, баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд. Онҳо узви як оила буда, аз ин оила танҳо як кӯдаки 13-сола зинда монд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...