spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Рӯзноманигори “Азия-Плюс” ҷоизаи “Касбияти журналистӣ” гирифт. Дигар ҷоизаҳо ба киҳо дода шуд?

Дар поёни чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии озодии баён, ки имрӯз, 3-юми май, дар меҳмонхонаи “Hilton” баргузор шуд, як қатор журналистони тоҷик сазовори ҷоизаҳои касбӣ гардиданд.

Меҳрофарин Наҷибӣ, рӯзноманигори Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ғолиби яке аз озмунҳои Медия-алянси Тоҷикистон эълон гардид ва мақоми аввалро дар номинаи “Касбияти журналистӣ” ба номи Отахон Латифӣ  соҳиб шуд.

Ҳамин тариқ, мақоми дуввум насиби Мижгона Ҳалимова, журналист аз расонаи “Вечёрка” гардида, ҷои сеюм ба Нодира Собирзод, журналист аз шаҳри Турсунзода дода шуд.

Ҷоизаи асосии Шӯрои ВАО бо номи “Эътимод” насиби Саидэҳсон Солиев (Ҷалолиён), корманди Радиои “Тоҷикистон” гардид. Барои ин ҷоиза се нафар, Саидэҳсон Солиев, Фатҳиддини Замон ва Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ талош мекарданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, ҷоизаи дигари Медия-алаянси Тоҷикистон “Ҷасорати журналистӣ” ба номи Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, мақоми дуюм насиби Ардашери Пайванд ва ҷои сеюм насиби Исматулло Абдуллоев гардид. Дар ин номина ҷои аввалро касе соҳиб нашуд: шахси сазовор пайдо нагардид.

Ардашер Пайванд, яке аз журналистони ҷавони тоҷик буда, ҳоло муҳарири бахши тоҷикии сомонаи “halva.tj” ва Исматулло Абдуллоев, корманди ҳафтаномаи “Фараж” аст.

Ҳамин тариқ, мақоми аввали ҷоизаи “Тадқиқоти журналистӣ”-и Медия-алянси Тоҷикистон ба номи Ҷумъа Толиб ба Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, мақоми дуввум ба Рухшона Ҳакимова, журналист аз Душанбе ва мақоми сеюм ба Ҷаҳонгир Мирсалимов, рӯзноманигор аз вилояти Суғд дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷоизаи дигари Медия-алянси Тоҷикистон барои журналистон навқалам ба донишҷӯёне, ки дар риштаҳои журналистии донишгоҳҳо мехонанд, тақдим гардид: Идибек Шарипов, Давлати Абдулло ва Қурбоной Муқимова.

Дар чорабинӣ ҳамчунин, ҷоизаҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳам ба соҳибонашон супорида шуд.

Ҷоизаи “Беҳтарин сухангӯй” ба номи Иқбол Илёсзодаро ба Ҳаётҷон Одилов, сухангӯи раиси ноҳияи Ашт ва Маъмур Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд доданд.

Рӯзи озодии баён дар Тоҷикистон дар шароите таҷлил мешавад, ки аз соли гузашта то имрӯз ҳадди аққал 7 журналисти тоҷик боздошт ва бо гумони ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Парвандаи бархе аз журналистони дигар дар ҳоли баррасӣ аст ва худашон дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд.

Имрӯз низ дар чорабини Рӯзи озодии баён аз вазъи ногувори журналистикаи тоҷик дар кишвар нигаронӣ шуд ва намояндагони созмонҳои озодии баён ва кишварҳои алоҳида аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ба озодии баён эҳтиром гузошта, аз хабарнигорон пуштибонӣ кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин нишаст бархе соҳибрасонаҳо аз ташкили муколама миёни рӯзноманигорон ва мақомот ишора карда, гуфтаанд, ки ин муколама бояд мушкили расонаҳо миёни намояндагони ҳукумат, рӯзноманигорон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар баҳс кашида шавад.

Намояндагони расонаҳои маҳаллӣ дар нишасти бахшида ба Рӯзи озодии баён ҳамчунин аз мушкилтар будани дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва фишорҳо ба хабарнигорон изҳори ташвиш карданд.

Ин дар ҳолест, ки дар ин нишаст, намояндагони мақомот аз шароити кори хабарнигорон ва расонаҳо дар Тоҷикистон тавсиф карда, гуфтаанд, ки “дар мамлакат барои рушди ВАО тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити лозим фароҳам оварда шудааст”.

Дар ҳамин ҳол, журналистон таъкид намуданд, ки ҳама пешниҳодоти дар ин чорабинӣ ироагардида ба қомоти марбутаи кишвар ирсол карда шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...