spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Гирифторӣ ба бемории сурхакон. Чӣ тавр Тоҷикистон дар ҷаҳон мавқеи аввалро соҳиб шуд?

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз афзоиши бемории сурхакон дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хабар дод, вале Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, давоми як моҳи ахир дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба бемории сурхакон сабт нашудааст.

Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар 12 моҳи охир бештари гирифторони бемории сурхакон дар Тоҷикистон (610), Туркия (466) ва Русия (414) ба қайд гирифта шудааст. Дар Австрия, Сербия, Британияи Кабир ва Ӯзбекистон бошад, аз аввали соли 2023 ин беморӣ афзоиш ёфтааст. Дар умум, аз оғози сол дар 17 кишвари минтақаи аврупоии СУТ мавориди гирифторӣ ба бемории сурхакон сабт шудааст.

Сурхакон дар 33 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии кишвар ба “Азия-Плюс” гуфт, бемории сурхакон дар 33 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз авохири солҳои 90-ум ба ин сӯ, ба далелҳои гуногун, аз ҷумла, эм накардани фарзандон, эҳтимоли хуруҷи ин беморӣ дар кишвар боқӣ мемонад.

“Ҳоло ҳам баъзе волидайн ҳастанд, ки аз эмгузаронӣ саркашӣ мекунанд, бахусус дар манотиқи дурдасти кӯҳистон, ки сабаби аслии сар задани ин беморӣ метавонад гардад. Барои эмгузаронӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба волидон зарурати он фаҳмонида мешавад”, – гуфт Ҷаъфаров.

Ба қавли Ҷаъфаров, Вазорати тандурустӣ маъракаи эмкунии зидди сурхаконро ба нақша гирифтааст ва баъди ба кишвар ворид шудани ваксина, ин маърака оғоз меёбад. Дар назар аст, ки маблағи хариди ваксинаро Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо намояд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон бемории сурхакон вуҷуд надорад, аммо кӯдаконро эм мекунанд

Бояд гуфт, ки соли 2022 дар Тоҷикистон 425 нафар ба бемории сурхакон гирифтор шуда буданд. Соли 2021 бошад ҳамагӣ 10 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуданд.

Бемории сурхакон дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рашт ва Нуробод ба қайд гирифта шуда, маъракаи эмкунӣ алайҳи бемории сурхакон моҳи сентябри соли 2022 баргузор шуда буд ва тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эмкунӣ дар дигар манотиқи кишвар низ дар назар аст. Дар ин хусус Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврали соли равон, зимни нишасти хабарӣ, иттилоъ дода буд.

"Тадқиқоти мутахассисон нишон дод, ки ин беморӣ ба Тоҷикистон аз Русия ва ҳамчунин, аз Ӯзбекистон ворид шудааст. Дар Тоҷикистон мавориди гирифторӣ ба бемории сурхакони навъи D6 мушоҳида шудааст ва қаблан ин навъи беморӣ дар шаҳри Новосибирски Русия низ мушоҳида шуда буд", – гуфта буд вазир.

Тадбирхои муборизаи зидди сурхакон

Дар Тоҷикистон тайи як соли ахир барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи бемории сурхакон, аз ҷумла муайян кардани манотиқи гирифтори бемории сурхакон ва моякӯбии кӯдакони аз 6 моҳа то 15 сола, ки дар ин манотиқ зиндагӣ мекунанд, тадбирҳои ҳамаҷониба андешидааст.

"Дар минтақаҳои мавриди ҳадаф мақомоти Тоҷикистон 99 дарсади кӯдаконеро, ки эм нашудаанд ва ё тамоми вояи ваксинаҳоро нагирифтаанд, моякӯбӣ кардаанд",  – гуфтааст Хосе Аган, сухангӯи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.

Вай қайд карда, ки дар ҳоле ки шумораи гирифторони бемории сурхакон дар ин минтақаҳои мавриди ҳадаф ба дастгирии СУТ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст, барои рафъи камбудиҳо дар эмкунӣ ва пешгирии интиқоли минбаъдаи он чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ талошҳои бештар лозим аст.

Бояд гуфт, ки сурхакон бемории шадиди сироятии вирусӣ буда, сатҳи хеле баланди сирояткунанда дорад, ки ангезандаи он вируси сурхакон мебошад. Ҳарорати баланд (то 40,5 °C), илтиҳоби луобпардаи холигоҳи даҳон ва роҳҳои болоии нафас ва доғҳои хоси макулопапулярии пӯст, заҳролудшавии умумӣ нишонаҳои ин беморӣ мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...