spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот як зина поён рафт

Созмони байналмилалии ғайридавлатии “Гузоришгарони бидуни марз” рейтинги солонаи кишварҳоро аз лиҳози озодии матбуот нашр кард, ки Тоҷикистон дар он як зина поин рафтааст.

Тоҷикистон имсол миёни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 153-юм (39,06 хол) қарор дорад. Соли 2022 мақоми 152 ва соли 2021 ҷойи 162-умро соҳиб шуда буд.

Гузориши мазкур бо назардошти вазъи воситаҳои ахбори омма дар кишвар таҳия гардида, нишондиҳандаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, заминаи ҳуқуқӣ ва амниятӣ низ ба назар гирифта мешаванд.

Дар мавриди кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ин созмон менависад, ки “як миқдор озодии матбуот ва гуногунандешии ВАО” танҳо дар Қирғизистон вуҷуд дорад ва ин кишвар дар раддабандии созмон зинаи 122-юмро соҳиб шудааст. Қирғизистон 49,91 хол гирифт ва якбора 50 зина поин рафт, вале дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф боқӣ монд.

Пас аз он Қазоқистон -134 (54,87), Ӯзбекистон -137 бо 45 хол, Афғонистон – 152 (39,75 балл) ва Туркманистон – 176 (25,82 балл) қарор доранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз фишор ба расонаҳо то рукуди озодии баён

Дар садри рӯйхати кишварҳое, ки вазъи озодии матбуот мусоид аст, давлатҳои Скандинавия буданд: Норвегия ҷойи 1 (95,18 хол), Ирландия ҷойи 2-юм (89,91 хол) ва Дания ҷойи 3-юм (89,48 хол), дар ҷои чорум (88,15 хол) ) Швеция. Финландия панчгонаи аввалро (87,94 хол) ба охир мерасонад.

Дар зинаи охирини раддабандӣ Кореяи Шимолӣ (тақрибан 22 хол) қарор дорад.

Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот, ки ҳамасола аз ҷониби Созмони Гузоришгарони бидуни марз нашр мешавад, вазъи ин соҳаро дар 180 кишвари ҷаҳон арзёбӣ мекунад.

Коршиносон паёнравии мавқеи Тоҷикистонро мантиқӣ медонанд.

Дар моҳҳои июн ва июли соли 2022 мақомоти Тоҷикистон панҷ хабарнигор ва блогнависи тоҷик – Далер Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро боздошт карданд.

Ҳамаи онҳо дар иртибот бо созмонҳои мамнӯъ ва ифротгароӣ гунаҳкор дониста шуданд ва аз 7 то 10 сол равонаи зиндон гардиданд. Хабарнигорон иттиҳомоти алайҳи онҳо эълоншударо рад карданд ва гуфтанд, ки онҳо бегуноҳанд.

Аз ҷумла, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номаи боздоштгоҳи тафтишотӣ навиштааст, ки ӯро дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат сахт шиканҷа кардаанд, то масъулияти ҷиноятҳои содирнашударо ба дӯш гирад.

Баъдан Додситонии кулл ин шикоятро рад кард. Шикояти кассатсиони аз ҳукми хабарнигорони боздоштшуда натиҷае надодааст.

Бо вуҷуди интиқод ва муроҷиатҳои зиёди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, мақомот алайҳи ин хабарнигорон чорае наандешидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...