Ба қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” тағйирот ворид гардида, мутобиқи он номгӯи ҷиноятҳое, ки содир кардани онҳо ба бекор кардани шаҳрвандии Русия боис мегардад, зиёд шуд. Дар ҳамин ҳол, танҳо онҳое аз шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд, ки онро на аз рӯи ҳуқуқи таваллуд, балки дар натиҷаи қабул ба шаҳрвандӣ гирифтаанд. Аксарияти кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ доранд, ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.
Президенти Русия Владимир Путин қонуни навро "Дар бораи шаҳрвандӣ" дар таҳрири нав имзо кард. Акнун шаҳрвандии Русияро, ки ба даст оварда шудааст, аз ҷумла барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯи моддаҳои вобаста ба фейкҳо ё худ маълумоти бардурӯғи ҳарбӣ (моддаи 207.3-и Кодекси ҷиноӣ) ва «бадному беобрӯ» (дискредитатсия) кардани қувваҳои мусаллаҳ (моддаи 280.3-и Кодекси ҷиноӣ) гирифта метавонанд. Қонуни нав дар сомонаи иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Мо ба таври муфассал шарҳ медиҳем, ки кӣ ва барои чӣ метавонад аз шаҳрвандии Федератсияи Русия маҳрум карда шавад.
Киҳоро аз шаҳрвандӣ маҳрум карда метавонанд?
Барои маҳрум кардани шаҳрвандӣ ду омил мавҷуд аст.
Аввал ин аст, ки шаҳрванди Русия шаҳрвандии Русияро ба даст орад, на бо ҳуқуқи таваллуд гирифта бошад. Дуюм, ин шаҳрванд бояд яке аз ҷиноятҳои дар моддаи 24-и қонун “Дар бораи шаҳрвандиро содир карда бошад.
Акнун пас аз ворид намудани тағйирот, ин рӯйхат хеле зиёд шуд:
– бадному беобрӯкунии Қувваҳои мусаллаҳи Русия;
– содир намудани амалҳои хатаровар ба амнияти миллӣ;
– даъвати оммавӣ ба вайрон кардани тамомияти арзӣ;
– даъватҳои оммавӣ ба ифротгароӣ (экстремизм);
– ошӯби мусаллаҳона;
— суиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ;
– иштирок дар ташкилоти ғайридавлатии хориҷӣ ё байналмилали номатлуб.
“Бадномкунии артиш” чист?
Манъи бадном кардани артиш, дурусттараш Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия дар моддаи 280.3 Кодекси ҷиноятии Русия зикр шудааст.
Аммо худи мафҳуми бадномкунӣ дар модда оварда нашудааст, ки ба суд ҷиҳати шарҳу тафсири озодонаи он имкон медиҳад. Масалан, барои шӯхӣ дар Интернет, тарҳрезии пухтани торт ва ҳатто барои навиштаҷот дар кабинаи ҳоҷатхона ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Фарқи байни шаҳрвандие, ки ба даст оварда шудааст ё ҳангоми таваллуд гирифта шудааст, дар чист? Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки аз ман кадомаш аст?
Тибқи ин тағйирот танҳо шахсоне, ки дар натиҷаи қабул шаҳрвандӣ гирифтаанд, барои ҷиноятҳои содиршуда аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешаванд.
Биёед бубинем, ки инҳо киҳоянд.
Асоси ба даст овардан – таваллуд. Ин вақтест, ки:
– волидайн ҳангоми таваллуди шумо шаҳрвандони Федератсияи Русия буданд ва сарфи назар аз ҷои таваллуд. Ҳамин тариқ, агар волидайни шумо шаҳрванди Русия бошанд ва шумо дар Тоҷикистон таваллуд шуда бошед, пас шаҳрвандии шумо аз рӯи таваллуд аст;
– агар волидайни шумо шаҳрвандии гуногун дошта бошанд, масалан, яке аз онҳо шаҳрванди Федератсияи Русия ва дигаре шаҳрванди Тоҷикистон бошад, пас шумо шаҳрвандии Русияро бо шарти дар қаламрави Русия таваллуд шудан мегиред;
– Агар шумо кӯдаки навзод дар қаламрави Русия қарор доштед ва дар ҳамин ҳол, маълум набуд, ки волидайни шумо киҳоянд, пас шумо низ метавонистед шаҳрвандии Русияро аз рӯи таваллуд ба даст оред.
Гузашта аз ин, агар шумо дар қаламрави Русия таваллуд шуда бошеду вале ҳардуи волидонатон шаҳрвандии Русия надошта, масалан, шаҳрванди Тоҷикистон буданд, пас аз таваллуд шаҳрвандии Русияро намегиред.
Шаҳрвандӣ дода мешавад, агар:
– ариза барои гирифтани шаҳрвандӣ пешниҳод кардаед (ё дар ҳолати ноболиғии шумо, волидайнатон барои шумо ин корро кардаанд) ва пас аз ин ба шумо шаҳрвандӣ дода шудааст. Фарқ надорад, ки ин қабул ба таври умумӣ ё соддашуда иҷро шудааст.
Ҳамин тариқ, барои фаҳмидани он, ки шумо шаҳрвандиро ба даст овардаед ё аз рӯи таваллуд гирифтаед, бояд омилҳои зерин ба инобат гирифта шаванд: 1) падару модари шумо кадом шаҳрвандӣ доранд; 2) ҳангоми таваллуди шумо дар куҷо буданд; 3) оё шумо барои гирифтани шаҳрвандӣ муроҷиат кардаед.
Шахсони дар Иттиҳоди Шӯравӣ таваллудшуда чӣ? Онҳо аз рӯи таваллуд шаҳрванди Русия шуморида мешаванд?
Шахсоне, ки аз шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) маҳрум шудаанд, аз рӯи таваллуд шаҳрвандони Русия шуморида мешаванд, агар онҳо дар қаламрави РСФСР ба дунё омада бошанд ё дар вақти таваллуди кӯдак ақаллан яке аз падару модарон шаҳрванди Иттиҳоду Шӯравӣ дошт ва доимо дар қаламрави РСФСР иқомат мекард.
Дар дигар ҳолатҳо, шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ на аз рӯи таваллуд, балки дар натиҷаи қабул шудан ба шаҳрвандӣ – ҳарчанд бо тартиби соддашуда – шаҳрванди Русия ҳисобида мешаванд.
Ин ба Конститутсия мухолиф нест?
Дар моддаи 6-и Конститутсияи Русия омадааст, ки "шаҳрванди Федератсияи Русия наметавонад аз шаҳрванди худ маҳрум карда шавад".
Айни замон қонунгузорон ин моддаро “сарфи назар карда”, шаҳрвандони Русияро ба шаҳрвандони «бо ҳуқуқи хуни нофаш рехта» ва онҳое, ки дар натиҷаи расмиёти қабул шаҳрвандӣ гирифтаанд, тақсим мекунанд.
Аммо теъдоде аз коршиносон ба ин тафсир шубҳа доранд, зеро дар ҳамин моддаи Қонуни асосӣ омадааст, ки шаҳрвандӣ "сарфи назар аз асосҳои ба даст овардан, ягона ва баробар аст".
Масалан, Артем Саркисян, ҳуқуқшиноси ширкати «Забейда ва партнеры», бар ин назар аст, ки ба ин тартиб дар Конститутсияи Русия дар бораи принсипи гирифтани шаҳрвандӣ – хоҳ бо таваллуд ё дар натиҷаи қабул ягон тақсимот вуҷуд надорад.
“Дар худи ақидаи чунин тақсимот усулии баробарӣ риоя намешавад. Аз лиҳози қонун, байни шаҳрвандони Русия набояд фарқият вуҷуд дошта бошад – ҳама ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар дошта, ҳама дар назди қонун баробаранд ”- гуфтааст ӯ ба Ведомости.
Оё дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ барои ҷиноятҳои содиркардаи ягон шахс, сарфи назар аз шаҳрванди Русия таваллуд шудани ӯ ё минбаъд шаҳрвандиро гирифтани ӯ, пешниҳод буд? Бале.
Моҳи августи соли 2022 вакили Думаи давлатӣ Иван Сухарев, ба навиштаи Газета, аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани шахсонеро, ки барои дарёфти раводиди хориҷӣ аз Қувваҳои Мусаллаҳ ё мақомоти ин кишвар интиқод кардаанд, пешниҳод кард. Аммо ин пешниҳод он вақт дастгирӣ наёфт.
Чаро чунин тағйиротро умуман қабул карданд? Ин ҷо ангезаи сиёсӣ ҳаст?
Александр Зорин, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дар шарҳи худ ба "Известия" мегӯяд, аввалин мақсади тағйирот ба маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ба украиниҳое нигаронида шудааст, ки замоне шаҳрвандии Русияро гирифта буданд.
“Ин қонун имрӯз мавриди баррасӣ қарор дорад, зеро бисёре аз шаҳрвандони Украина шаҳрванди Русия шудаанд ва дар миёни онҳо афроде ҳастанд, ки ба арзишҳои конститутсионии Русияи мо созгор нестанд. Ҳатто касе ҳам бо ҳадафҳои мушаххас фиристода шуда буд. Дар ин маврид ҳам механизми соддашудаи гирифтани шаҳрвандӣ ва ҳам механизми нави бекор кардани ин қарорҳо лозим аст”, – шарҳ додааст Зорин.
Лекин коршиносон бар ин назаранд, ки ҳамаи ин он қадр соддаву одӣ ҳам нест. Ба гуфтаи сиёсатшиноси рус Константин Калачев, ин метавонад барои ҳамаи сокинони собиқи кишварҳои ИДМ як ҳушдоре бошад.
“Ба назарам, ин як чораи пешгирӣ аст. Ин ба як навъе ҳушдор натанҳо ба шаҳрвандони Украина, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, балки ба шаҳрвандони дигар кишварҳои пасошӯравӣ низ мебошад”, – гуфтааст ӯ ба “Ведомости”.
Ба ин тариқ, метавон тахмин кард, ки тағйирот дар бораи маҳрумият аз шаҳрвандӣ натанҳо ба украиниҳои эҳтимолие, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, балки ба рӯзноманигороне, ки дар кишварҳои ИДМ кор мекунанд, инчунин мухолифони муқими кишварҳои дуру наздик ва хориҷи дур низ дахл хоҳанд дошт.
Ба ақидаи мухолифи беларус Иван Кравтсов, ин қонун асосан ба онҳое дахл дорад, ки дар хориҷа қарор доранд – "онҳо гӯё робитаи расмии худро бо давлати Ҷумҳурии Беларус аз даст додаанд", – овардааст гуфтаҳои ӯро “Голос Америки”.
Масалан, чунин таҷриба аллакай дар Беларус вуҷуд дорад. Тағйироте, ки тибқи он барои "зарар" ба манфиатҳои кишвар аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд, нав нест. Қонуни навшуда "Дар бораи шаҳрвандӣ" дар Беларус аз моҳи январи соли ҷорӣ амал мекунад.
Дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ кӣ қарор қабул мекунад?
Дар тағйирот пешбинӣ мешавад, ки қарор дар бораи қатъи шаҳрвандии гирифташудаи Русияро барои “амали зиддии амнияти миллӣ мақомоти федералии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи корҳои дохилӣ ё мақомоти минтақавии он қабул мекунанд”.
Аз болои қарор дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ метавон шикоят бурд? Чӣ гуна?
Аз болои чунин қарор ба додгоҳ (суд) шикоят бурдан мумкин аст. Шумо бояд ба додгоҳ бо ариза муроҷиат карда, дар он беасос аз шаҳрвандӣ маҳрум карданатонро муфассал баён намоед.
Маро аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд. Баъд чӣ?
Шахсоне, ки бо асосҳои дар боло зикршуда аз шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд, метавонанд на дертар аз се сол пас барои аз нав қабул кардан ба шаҳрвандии Русия муроҷиат намоянд. Аммо дархости онҳо бо ризоият қонеъ мешавад ё не, мушаххас нест.