spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Душанбеи хунин: Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

27 сол қабл, 6-уми майи соли 1996, дар рӯзи равшан ва дар пеши чашми мардум дар маркази Душанбе ду шоҳсутуни илми тибби тоҷик, профессорон Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов кушта шуданд. Ин матлаб 19 сол пеш дар ҳафтаномаи “Азия Плюс” нашр шудааст.

Бино ба маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Юсуф Исҳоқӣ ва муовини ректор оид ба илм ва равобити байналмилалии ин донишгоҳ Минҳоҷ Ғуломов  “рӯзи 6-уми майи соли 1996, соати 16:20 аз ҷониби террористони номаълум  аз пистолети Макаров бо расондани ҷароҳатҳои зиёди вазнини барои ҳаёт хатарнок кушта шуданд”.

6 майи соли 1996

Маҳбуба Ғуломова, ҳамсари Минҳоҷ Ғуломов мегӯяд, ки ӯ ҳар субҳ барвақт ба кор мерафт.

“Минҳоҷ мисли ҳарвақта барвақт баромад. Дар назди даромадгоҳ муддате мунтазири мошини хидматӣ истод, вале мошин наомад ва ӯ пиёда рафт. Агар мошинаш намеомад, ӯ ҳамеша бо троллейбус мерафт. Аввал ба кафдераи Донишгоҳи тиббӣ дар назди боғи шаҳрӣ мерафт ва нимаи дуюми рӯз – ба Донишгоҳ”, – нақл кард ҳамсари ӯ.

Фаррух – писари Юсуф Исҳоқӣ мегӯяд, он рӯз табъи падараш хуш буд: “Ӯ ҳатто аз модарам костюму туфлии навашро хост. Гуфт, баҳор омадааст, бояд либоси нав пӯшем. Тамоми рӯз шӯхӣ мекард, табъи хуш дошт. Ман нимаи аввали рӯз пешаш даромадам. Мехостам автореферати рисолаамро нишонаш диҳам. Ӯ хеле сахт мунтазири ин буд… Дар қабулгоҳ ба ман гуфтанд, ки ӯ машғул аст ва ман рафтам. Одатан қарибии соати 5 ба хона мерафт”.

Насиба Ғуломова, духтари Минҳоҷ Ғуломов охирин дақиқаҳои қабл аз қатли ин ду донишмандро аз қавли шоҳидони ҳодиса чунин қисса мекунад: “Кормандони донишгоҳ нақл карданд, ки падарам баъди кор ба кӯча баромад. Мехост дар мошини навбатдор ба хона равад, вале касе ба вай гуфтааст, ки мошин бензин надорад. Зимнан ҳамагӣ чанд дақиқа баъди рафтани Исҳоқӣ ва Ғуломов мошини навбатдор ба пеши донишгоҳ расида омадааст. Падарам ба истгоҳи троллейбус рафт, вале боз касе ӯро аз роҳ гардонд, ки ҳоло мошини Исҳоқӣ меояду ҳамроҳ меравед. Падарам боз ба саҳни донишгоҳ баргашт…”

Минҳоҷ Ғуломов хабар надошт, ки бо пои худ ба истиқболи қотилонаш баргаштааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қатли Муҳаммад Осимӣ зарбаи сахте ба раванди ташаккули миллати тоҷик буд

Тариэл Мгеладзе, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи тиббӣ: “Ман охирин нафаре будам, ки ҳарду марҳумро қабл аз маргашон дидам. Он рӯз соати қариб чор ба қабулгоҳ даромадам. Дар пеши Юсуф Баширхонович одам буд. Ҳамин вақт касе зангаш зад. Бо тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд, вале ман фаҳмидам, ки сухан дар бораи мошин меравад. Пои Минҳоҷ Ғуломов дард мекард ва Юсуф Баширхонович пешниҳод кард, ки ӯро бурда мерасонад.”

Эркин Шерматов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ мегӯяд, ки рӯзи 6-уми май танҳо тасодуф худи ӯро аз марг ҳамроҳи Исҳоқӣ ва Ғуломов наҷот додааст: “Қарибии соати чор ман бо муовини декан ба қабулгоҳи ректор даромадем, вале дар пешаш одам буд. Мо ба тарафи баромадгоҳ рафтем. Минҳоҷ Ғуломов алакай дар ҳамонҷо буд. Чанд калима радубадал кардем. Исҳоқӣ баъзан маро ҳам ба мошинаш савор мекард, чунки мо ҳамсоя будем. Он рӯз ҳам бояд ҳамроҳ мерафтем. Вале он рӯз ман нахостам ректорро ташвиш диҳам, чунки дидам, ки ӯ мехоҳад Минҳоҷ Ғуломовро то хонааш бирасонад. Аз ин рӯ, ман ҳамроҳи деканҳо ба тарафи истгоҳ рафтам…”

ИЗОБРАЖЕНИЕ Юсуф Исҳоқӣ

20 дақиқа

Мошини Исҳоқӣ аз донишгоҳ тақрибан соати чори аср берун шуд. Баъди ҳамагӣ 20 дақиқа ҳарду донишмандро куштанд.

Маҳбуба Ғуломова мегӯяд: “Онҳо аз донишгоҳ баромада,  каме ба тарафи Шаҳраки тиббӣ рафтанд, вале мошин якбора суръат гирифта, ба самти Боғи ботаникӣ тоб хӯрдааст.”

 Кормандони Донишгоҳи тиббӣ, ки мошинро диданд,  фикр кардаанд, ки шояд Исҳоқӣ ва Ғуломов барои ташхис ё аёдати ягон мансабдори баландпоя ба бемористони ҳукуматӣ раҳсипор шудаанд. Касе фикр накард, ки алакай қотилон савори мошин шудаанд.

Тавре баъдан маълум шуд, ҳанӯз вақте ки “Волга”-и Исҳоқӣ аз ҳудуди Донишгоҳи тиббӣ берун мешуд, пеши роҳашро як мошини дигар гирифтааст. Баъдан шоҳидон ба хотир оварданд, ки дар даруни мошин 5 нафарро дидаанд.

Қотилон мошинро то назди бинои рақами 10-ум дар тангкӯчаи “Нижняя Варзобская ГЭС” бурда, дар инҷо Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва ронандаи ректор Виктор Худяковро дар даруни мошин паррондаанд. Ба бадани Исҳоқӣ аз пистолети Макаров 8 тир ва ба бадани Ғуломов 9 тир холӣ карданд. “Дасти чапи падарам ҷароҳати чуқур дошт. Зоҳиран ӯ талош кардааст, ки дарро кушода, фирор кунад,” – мегӯяд Насиба Ғуломова.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Минҳоҷ Ғуломов

Зиндагӣ ва марги профессор Ғуломов

Як зани шоҳиди ҳодиса ба “Азия Плюс” он ҳодисаи даҳшатборро чунин қисса кард: “Чанд садои баланди монанд ба рехтани шиша баромад. Кӯдакон ба онҷо давида рафтанд ва хабар доданд, ки онҷо чанд ҷасад аст. Се ҷасад буд: Исҳоқӣ, Ғуломов ва ронанда.”

Ҳамсояи ин зан гуфтааст, ки мошин пур аз хун буд ва ҷасади Ғуломов дар курсии қафо дар ҳолати нимаафтода қарор дошт.

Фаррух Исҳоқӣ мегӯяд: “Мегӯянд, ки қотилон дар тан костюм ва дар чашм айнак доштанд (ба гуфтаи шоҳидон, қотилони академик Муҳаммад Осимӣ низ чунин либосу айнак доштаанд). Падарам ҳанӯз зинда будааст. Ӯро зуд ба бемористон бурданд, вале дар онҷо вафот кард. Минҳоҷ Ғуломовичро аз маҳалли куштор рост ба морг бурданд.”

Як кӯдаки сокини ин кӯча ба хешовандони мақтулон гуфтааст, ки ҳамон рӯз марде ба инҷо омада гуфтааст, ки имрӯз роҳ баста мешавад ва мошинҳо нагарданд. Ин мард зоҳиран талоши зиёде ҳам кардааст, ки Исҳоқӣ ва Ғуломов ҳарду дар як мошин савор шаванд. Ӯ яқин медонист, ки ин ду профессори шинохта дигар ба хонаи худ барнамегарданд.

Дар маросими дафни ин ду донишманд ҳазорон нафар иштирок карданд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Юсуф Исҳоқӣ

Аммо таҳқиқи ин куштори пурсарусадо хеле тӯл кашид ва зоҳиран то ҳол идома дорад. Дар соли 2003 Азизмат Имомов, муовини якуми додситони кулли Тоҷикистон эълон кард, ки қотилони донишмандон ва сиёсатмадорони маъруф дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро ошкор кардаанд. Имомов гуфт, Исҳоқӣ, Ғуломов ва чанд тани дигар аз шахсиятҳои саршинос қурбони террористҳое шуданд, ки мехостанд ба раванди истиқрори сулҳ осеб зада, вазъияти сиёсиро дар кишвар ноором кунанд.

Соҳиб Сулаймонов, як мақоми баландпояи Додситонии кулл соли 2006 ба “Азия Плюс” гуфт: “Тафтиши ин парванда ба далели марги гумонбарон қатъ карда шуд. Онҳоро моҳи августи соли 2002 дар ҷараёни амалиёти боздошт куштаанд. Олимон Исҳоқӣ ва Ғуломовро ҷангиёни гуруҳи ғайриқонунии Раҳмон Гитлер кушта буданд.

-Ин чӣ хел ба шумо маълум шуд?

-Гап сари он аст, ки дар маҳалли куштор як корманди мо ҳам буд. Ин зан қотилонро ба чашм дида буд ва баъдан шинохт. Мо олати кушторро ҳам пайдо кардем”.

Олимонро барои чӣ куштанд? 

Фаррух Исҳоқӣ: “Ман намедонам, ки падари ман пеши роҳи киро гирифта бошад? Ӯ аз сиёсат хеле дур буд. Ҳарчанд ӯро ба мансабҳои баланди давлатӣ даъват мекарданд, вале ӯ ба илм бартарӣ медод. Ду сол пеш як корманди ВКД дар сӯҳбати шахсӣ гуфт, ки қотилони падари ман ва Минҳоҷ Ғуломовичро пайдо кардаанд. Вале ман шахсан шубҳа дорам, ки қотилон онҳо бошанд. Ҳама чиз ба он далолат мекунад, ки кушторро қотилони касбӣ анҷом додаанд. Онҳо авбошони кӯчагӣ набуданд. Авввал чунин шумурда мешуд, ки ҳадафи қотилон Ғуломов буд. Ӯ як мутахассисиси бузургтарини равоншинос дар масъалаи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ буд. Ва гӯё ба хешовандони мансабдорони баландпоя машварат медод. Овозаҳое буд, ки куштор ба ҳамин рабт дорад. Вале ба ақидаи ман, ҳадафи асосӣ падари ман буд, чунки Минҳоҷ Ғуломович ба таври комилан тасодуфӣ ба он мошин савор шуд. Чунки падарам метавонист ба ӯ мошинашро пешниҳод накунад…”

Маҳбуба Ғуломова, ҳамсари Минҳоҷ Ғуломов: “Ман намедонам, ки марги онҳо ба кӣ ва барои чӣ даркор буд? Онҳо ҳеҷ гоҳ ба сиёсат дахолат намекарданд. Шавҳари ман ҳамеша мегуфт: “Ман табибам ва ҳамеша табиб мемонам.”  Дуруст аст,  ки ӯро бисёриҳо дӯст намедоштанд, чунки ҳарфашро ошкор ва дар рӯи одам мегуфт.  Муқобили маҷро мерафт. Дар солҳои ҷанг ӯ  ба мошинаш латтаи сафед овехта буд. Ӯ мардумро табобат мекард. Ҳамаро, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсиашон. Қабл аз куштани Минҳоҷ ва Юсуф, аз ман мепурсиданд, ки “чаро шумо намекӯчед? Магар наметарсед? Охир шавҳари шумо одами калон аст, зиндагӣ дар инҷо бароятон хатарнок аст.” Ман ба шавҳарам ин гапҳоро расондам, вале ӯ дар ҷавоб гуфт: “Ман охир табибам, касе ба мо кор надорад.”

ИЗОБРАЖЕНИЕ Минҳоҷ Ғуломов

Занҷираи хунини қатлу куштор

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон даҳҳо тан аз шахсиятҳои муътабар кушта шуданд. Дар баҳори соли 1996 паиҳам чанде аз шахсиятҳои шинохта ҳадафи тир қарор гирифтанд. 29-уми март дар даромадгоҳи дафтари кораш хабарнигори телевизиони ОРТ дар Душанбе Виктор Никулини 27-соларо бо тири пистолет куштанд. 6-уми май профессорон Исҳоқӣ ва Ғуломов кушта шуданд ва моҳи июни соли 1996 – президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ. Инҳо шахсиятҳое буданд, ки бо вазну эътибори худ метавонистанд дар ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба расидан ба сулҳ дар Тоҷикистони он замон ҷангзада нақши муассир бозӣ кунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Додгоҳи олӣ ду нафарро барои ҷиноят дар солҳои 90-ум ба 15 сол равонаи зиндон кард

Талафоти сангин

Баъди кушта шудани Минҳоҷ Ғуломов мактаби равоншиносие, ки бо номи Мактаби Ғуломов машҳур буд, аз байн рафт.  Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки дар тӯли 23 соли ректории Юсуф Исҳоқӣ ба яке аз мактабҳои тиббии рақами як дар паҳнои Шӯравии собиқ табдил ёфта буд, он шаъну шӯҳраташро дигар аз даст дод. Китоби дарсии “Оториноларингология” ба забонҳои тоҷикиву русӣ, ки Исҳқоқӣ таълиф дошт, то имрӯз нотамом боқӣ мондаааст…

Минҳоҷ Ғуломовро дар паҳлуи модараш, аммо Юсуф Исҳоқиро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.  Дар мазори Исҳоқӣ лавҳаи ёдгорӣ гузоштаанд, вале дар мазори Ғуломов – не.

Наздикони онҳо мегӯянд, ки мехоҳанд ҳайкали ҳардуро паҳлуи ҳам бигузоранд.

Як сол баъди қатли ин ду донишманд, моҳи июни соли 1997 Созишномаи сулҳ ба имзо расид ва ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нуқта гузошт.

Маълумотномаи "Азия-Плюс"

Минхоҷ Ғуломов 3-юми сентябри соли 1929 таваллуд шудааст. Узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия, духтури хизматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистони Шӯравӣ, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, президенти Анҷумани равоншиносони кишвар, коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ. Бо орденҳои Ленин, Ғалабаи Октябр, ду ордени “Нишони Фахрӣ”, Ифтихорномаҳои фахрии Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони Шӯравӣ мукофотонида шудааст. Муаллифи китобҳои дарсии равоншиносӣ ба забонҳои тоҷикӣ (1996) ва русӣ (1993). Зери роҳбарии ӯ 35 нафар номзад ва 3 доктори илм шудаанд.

Юсуф Исҳоқӣ 21-уми июли соли 1932 таваллуд шудааст. Соли 1954 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии рақами 4, муовини ректор оид ба корҳои илмии ДДТТ, баъдан ректор буд. Раиси Шӯрои ректорони ҷумҳурӣ, вакили халқи Иттиҳоди Шӯравӣ, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии Русия, ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистони Шӯравӣ, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, бо орденҳои Ленин, Байрақи сурхи меҳнат ва ғайра мукофотонида шудааст. Зиёда аз 200 асари илмӣ, аз ҷумла 7 монография дорад. Таҳти роҳбарии ӯ 16 рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...