spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Раёсати кофтукови ҷиноятӣ: Соҳиби саҳифаи “Рустами Эмомалӣ” дар “Фейсбук” дар кофтуков аст

Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як огоҳинома гуфтааст, саҳифае, ки дар “Фейсбук”  аз номи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баромад мекунад, тақаллубӣ (фейк) буда,  соҳиби он дар кофтуков қарор хоҳад гирифт.

Саҳифаи расмии Раёсат дар “Фейсбук” навиштааст, ки  ин саҳифа ба Рустами Эмомалӣ рабте надорад ва ҳамаи интишороти он аз ҷониби шахси номаълуме мунташир гаштааст.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз шарҳу тавзеҳот ва густариши аккаунти мазкур худдорӣ намоянд.

“Ба хотири мувоҷеҳ нашудан ба ҳаводиси номатлуб, эҳтироман аз Шумо хоҳиш мекунем, ки аз шарҳу тавзеҳот ва густариши аккаунти мазкур худдорӣ намоед”, – омадааст дар эълони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД.

Онҳо гуфтаанд, ки “соҳиби аккаунти мазкур тибқи қонунгузорӣ мавриди пайгард қарор хоҳад гирифт”.

Ин бори авал нест, ки мақомот аз боз шудани саҳифаҳои қалбакӣ ба номи Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор медиҳанд ва дастандакорони онро ҷустуҷӯ мекунанд.

Қаблан низ шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз номи Рустам Эмомалӣ камубеш се саҳифа ифтитоҳ шудааст, ки ҳамаашон қалбакӣ мебошанд.

Он замон, ҳукумати шаҳр аз ВКД дархост карда буд, ки дар муайян кардани созмондиҳандагрони ин саҳифа ва мақсади онҳо бо шаҳрдорӣ ҳамдастӣ кунад.

Маълум мешавад, ки то ҳол соҳиби ин саҳифа маълум ва дастгир нашудааст.

Шаҳрдории пойтахт гуфта буд, ки Рустам Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...