spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Шашмақом моли кист? Чаро Википедия онро моли яҳудиён медонад? Ҳақиқати таърих чист?

Ҳар сол 12-уми май дар Тоҷикистон Рӯзи Шашмақом таҷлил мешавад. Ин навъи мусиқии тоҷик, ки чанд сол пештар ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардид, аз ҷониби аксари мусиқишиносон ҳамчун шоҳкории фарҳангӣ эътироф мегардад.

Дар матлаби зерин, ки соли гузашта навишта шудааст, ба чанд саволи муҳим, аз ҷумла офарандаву эҳёкунандаи Шашмақом, вазъи кунунӣ ва ояндаи он посух дода мешавад.  

Бархеҳо бар ин назаранд, ки поягузори Шашмақом яҳудиёни Бухоро мебошанд. Онҳо ин иддаояшонро бар ин асоснок мекунанд, ки бештари овозхонҳои машҳури ин мусиқӣ яҳудиёни Бухоро ҳастанд. Сомонаи “Викпедия” ҳам дар бахши русӣ онро моли яҳудиёни Бухоро муаррифӣ мекунад, вале мусиқишиносон ин даъворо комилан рад мекунанд ва мегӯянд, дар Шашмақом ду истилоҳ – эҷодкор ва овозхон ҳаст. Аз ин рӯ, тоҷикон ҳамчун эҷодкунанда ё поягузори  ин мусиқӣ ва яҳудиён Бухоро танҳо иҷрокунанда ҳастанд.

Шашмақом ба унвони як мусиқии касбӣ ва ашрофӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун шоҳкории мусиқии тоҷикон дониста мешавад. Инро даҳҳо асар ва санадҳои илмиву таърихӣ собит мекунанд. Маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2003  Шашмақом бо қарори махсуси ЮНЕСКО ҳамчун мероси нодири фарҳангии аҳли башар эътироф гардид. Ҳамчунин,  шурӯъ аз соли 2000-ум дар кишвар 12-уми май ҳамчун “Рӯзи Шашмақом” таҷлил мегардад, ки ҳадафи он ҳифзи суннати овозхонии классикии тоҷикон ва тақвияти мактабу ҳунари мақомхонӣ мебошад. Пас андешаи он ки Шашмақомро яҳудиёни Бухоро поягузорӣ кардаанд”, аз куҷо пайдо шуд?

Ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов


Бояд гуфт, ки имрӯз ва чанд даҳсолаи охир низ машҳуртарин сарояндагони Шашмақом яҳудиён, махсусан яҳудиёни Бухоро буданд. Эҳтимол маҳз ҳамин омил сабаби пайдо шудани ин андеша дар заҳни бархеҳо шудааст.

Дар шарҳи Шашмақом дар “Википедия”-и русӣ ба ин маъно ишора мешавад, ки “дар намуди ҳозираи худ Шашмақом аз ҳисоби сокинони Бухоро, асосан яҳудиёни бухороӣ ташкил шудааст ва маҳз онҳо  то ибтидои асри 20 нигаҳдорандаи асосии Шашмақом буданд”.

Иддаои сомонаи “Викпедия” ва даъвои бесанади бархеҳо дар ҳолест, ки Шашмақом, ки гоҳо чун мусиқии ҳол ва “Қуръон”-и мусиқии миллати тоҷик ёд мешавад, ба гуфтаи бархе мусиқишиносон, ҳанӯз аз давраи пеш аз ислом арзи ҳастӣ карда, заминаҳои аслии он то ба замони Борбади Марвазӣ мерасад.

Ба гуфтаи онҳо, маҳз ба хотири он ки Бухоро ва Самарқанд маркази илму фарҳанг буд, дар охири асри 17 ва аввали асри 18 ин мусиқии касбӣ дар ин минтақаҳо такмил, рушд ва густариш ёфт.

Шашмақомро кӣ ба Душанбе овард?

Онҳо мегӯянд, абармардони тоҷик Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба Шашмақом умри дубора доданд ва маҳз бо кумаку ташаббуси онҳо ин мусиқӣ аз Бухоро ба Душанбе кӯчонида, то имрӯз ҳамчун шоҳкории тоҷикон пойбарҷо аст.

Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибов, ҳамроҳ Бо Бобоқул Файзуллоев аз поягузорони Шашмақом дар Тоҷикистон дониста мешаванд


Гуфта мешавад, ки барои ба Душанбе кӯчонидан ва рушди Шашмақом нафароне ҳам буданд, ки зид баромаданд ва ҳатто бо “кумак”-и бархеи онҳо асари Шашмақом бори аввал дар Маскав бе матни тоҷикӣ нашр шуд.

Аз ҷумла, Фурқат Саидзода, роҳбари Ансамбли Шашмақоми Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ин нуктаро таъкид кард ва гуфт, соли 1924 китоби “Шест маком Бухаре”-и мусиқишиноси рус Успенский бо “кумак”-и Файзулло Хоҷаев ва Абдурауф Фитрат танҳо бо нота ва бе матни тоҷикӣ дар Маскав рӯи чоп баромад.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо ба хотири он ки матни Шашмақом тоҷикӣ буд, Хоҷаев ва Фитрат онро аз китоб берун андохтанд ва он ҳамчун асари ғариилмӣ нашр шуд.

Вале мегӯяд, бо ҷонбозиҳои устод Айнӣ ва аллома Ғафуров соли 1947 ансамбли ҳофизон таъсис ва бо кӯшиши сегонаи бухороӣ – Фазлиддин Шаҳобов, мусиқидони хушноми тоҷик, Бобоқул Файзуллоев, донандаи хуби ин шоҳасар ва Шоҳназар Соҳибов, донандаву хонандаи дигари Шашмақом, ки ҳар се бо ибтикори Ғафуров аз Бухорову Тошканд ба Душанбе омада буданд, Шашмақомро дар панҷ ҷилд рӯи адвор (нота) меоранд ва он дар шаҳри Маскав солҳои 1950-1957 нашр мегардад.

– Шашмақом охири асри XVII ва ибтидои асри XVIII ҳамчун асари бузургҳаҷми силсилавӣ дар Бухоро арзи ҳастӣ кард ва он ҷо рушду инкишоф ёфт. Аввалин нафароне, ки дар Бухоро мадрасаи мусиқиро кушоданд, Бобоҷалол Носирзода ва Бобоғиёс Абдуғанизода буданд. Онҳо ба мардуме, ки идомадиҳандаи ин мусиқӣ буданд, дарс мегуфтанд. Бешубҳа, хатмкардаҳои мактабҳои мусиқии ин шаҳри ормонҳо бо пораҳои азбарнамудаи мақомҳои тоҷикӣ ба зодгоҳи худ бармегаштанд ва онро он ҷо рушд медоданд. Ҳамон сегонаи бухороӣ Файзуллоев, Соҳибов ва Шаҳобов аз зумраи нафароне буданд, ки Шашмақомро бо худ оварданд ва дар Душанбе маскан гирифтанд, -гуфт Саидзода.

Фурқат Саидзода, роҳбари ансамбли давлатии “Шашмақом” ва аз донишмандони ин риштаи мусиқӣ дар Тоҷикистон


Шашмақом моли тоҷикон аст, яҳудиён танҳо иҷрокунандаанд

Номбурда даъвои “яҳудиёни Бухоро поягузори ин мусиқӣ ҳастанд”-ро, комилан рад кард ва гуфт, тӯли ин солҳо ҳар яҳудие, ки чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Ӯзбекистон Шашмақом менавохту мехонад, ҳамааш иҷрокунандаанд, онҳо эҷодкор нестанд. Аз номҳо ва садои Шашмақом, ашъоре, ки бар он хонда мешавад, ҳувият ва дарду нолаи он маълум аст, ки аввалин шуда ба он тоҷикон даст задаанд.

Ӯ аз қавли устодонаш гуфт, ки яке аз шоҳони манғитӣ Амир Насруллохон дар замони ҳукмрониаш ба мусалмонон, махсусан тоҷикон хондани Шашмақом манъ кард ва маҳз ҳамин сабаб шуд, ки яҳудиёни Бухоро ба Шашмақом рӯ биёранд ва баъзе қисматҳои онро аз нобудӣ наҷот диҳанд.

Манъ кардани шашмақомхониро берун аз дарбори амири манғитиҳо шашмақомхони машҳури тоҷик Боймаҳмад Ниёзов ҳам дар як суҳбат бо “Би-Би-Си” дар соли 2009 таъкид кардааст.

Ба таъкиди Фурқат Саидзода, шоҳкорӣ дар холигӣ ба миён намеояд, аз ин рӯ, “Дувоздаҳмақом”-и оламгири тоҷикон барои рӯйи кор омадани Шашмақом замина гузоштааст.

Аз “Дувоздаҳмақом” “об хӯрдан”-и Шашамқомро профессор Аскаралӣ Раҷабов, таърихшиноси тоҷик, ки таърихи мусиқии тоҷиконро таҳқиқ кардааст, зикр кард ва гуфт, “Шашмақом” идомаи “Дувоздаҳмақом”-и тоҷикон аст, ки 7 мақоми онро Борбари Марвазӣ ихтироъ кардааст.

–  “Дувоздаҳмақом” ё парда то охири асри 17 ва нимаи дуввуми асри 18 истифода мешуд ва баъди он Шашмақом пайдо шуд. Аз сабаби он ки робитаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ байни Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон қатъ шуд, Шашмақом дар ҳавзаи Бухоро ва Самарқанд ба миён омад. Истилоҳи шаш аз ҳамон шаш гӯшаи мусиқӣ, ки дар “Дувоздаҳмақом” истифода мешуд, гирифта шудааст. Аввалин донишманде, ки дар системаи куллиёти мақомро ташкил додааст, Наҷмиддини Калкатии Бухороӣ аст,- гуфт ин таърихшинос.

Ӯ ҳам гуфт, ки агарчӣ яҳудиёни Бухоро барои рушди Шашмақом хидмат кардаанд, вале танҳо ба сифати иҷрокунанда, аммо дар ташкили мақом ҳеҷ нақше надоранд.

– Яҳудиёни Бухоро  дар бораи мусиқӣ, аз ҷумла, мақом дар масири таърих ягон асари илмӣ нанавиштаанд ва иддаои он ки онҳо эҷодкори Шашмақом буданд, хатои маҳз аст. Ҳатто истилоҳи Шашмақоми Бухоро нодуруст аст. Танҳо ба хотири он ки Самарқанд ва Бухоро маркази илму фарҳанг буд, ин мусиқӣ дар онҷо пайдо ва баъдан рушд ёфт, – илова кард Раҷабов.

Профессор Аскаралӣ Раҷабов


Шашмақом дастхуши бозиҳои сиёсӣ шуд

Дар ҳамин ҳол, мусиқишиноси дигари тоҷик ва роҳбари собиқи Консерваторияи миллии Тоҷикистон, профессор Фароғат Азизӣ мансуб донистани Шашмақомро ба яҳудиёни Бухоро тамоюл ё бозии сиёсии ҳукумати Ӯзбекистон дар замони Ислом Каримов маънидод кард ва гуфт, дар он давра нафароне пайдо шуданд, ки мехостанд Шашмақомро аз тоҷикон бигиранд”.

– Худи яҳудиёни Бухоро ҳеҷ вақт даъвои инро надоштанд, ки Шашмақомро поя гузоштаанд. Вале баъди пош хӯрдани Шӯравӣ ба ИМА ва дигар давлатҳо муҳоҷир шуданд ва барои гум накардани заабони тоҷикӣ матнҳои Тор (китоби муқаддаси яҳудиён-муаллиф) – ро ба пардаҳои Шашмақом ворид карда, хонданро шурӯъ карданд. Онҳо ҳатто дар Амрико мактаби Шашмақомро таъсис додаанд ва насли навашон ин мусиқиро меомӯзанд. Онҳо онро ҳамчун мероси маънавии худ мешуморанд,- гуфт Фароғат Азизӣ.

Ба таъкиди Азизӣ, тоҷикон дар асри 6-7 пеш аз ислом низ  соҳиби 6-7 парда ё мақом буданд ва нахустин низоми мақоми  маҳз дар ҳамин давра ташаккул ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, баътар, дар асрҳои 9-10 системаи нав пайдо шуд, ки аз дувоздаҳ парда ё мақом иборат буд. Баъдан, дар  асри 18, дар Бухоро системаи дигар, вале давоми он мақомҳо бо номи шаш мақом пайдо шуд.

– Чаро шаш мақом? Чунки Худованд тибқи Қуръон мавҷудиятро дар шаш рӯз офаридаааст, ки ин рамз аст. Адади ҳафт ҳам барои тоҷикон адади муқаддас буд, аз ин рӯ ҳафт мақом низ мегуфтанд. Дувоздаҳ мақом маънои дувоздаҳ сайёраро медод. Яъне ҳар як адад ва ҳар як система адади рамзиро дорад. Бухоро, ки як марказӣ динӣ буд, аз ин рӯ аз инҷо мақом инкишоф ёфт, -афзуд Азизӣ.

Ҳамсуҳбатони таъкид намуданд, ки дар Шашмақом ду ҳунарманд ҳаст: эҷодкор ё офаранда ва иҷрокунанда, ки дар ҳама давр тоҷикон офаранда ва яҳудиёни Бухоро иҷрокунанда буданд. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки поягузорони аслии ин мусиқии касбӣ ва ашрофӣ тоҷикон буданд ва яҳудиёни Бухоро танҳо онро иҷро мекарданд, ки дар ин маврид бешубҳа саҳми онҳо дар рушди хондани он зиёд аст.

Фароғат Азизӣ, профессори мусиқишинос ва пажӯҳишгари Шашмақом


Таваҷҷуҳи насли нав ба Шашмақом ва ниёзу бениёзии он

Дар баробари баҳси мансубияти “Шашмақом”, дар ҷомеа баҳси дигаре ҳам доман задааст ки он таваҷҷуҳи насли ҷавон ё нав ба ин намуди мусиқии касбӣ аст. Устодон шикоят мекунанд, ки насли ҷавон ба ин мусиқӣ таваҷҷуҳ надоранд ва маҳз бетаваҷуҳии онҳо ояндаи ин мусиқии касбиро зери суол мебарад. Дар ин радиф, бархе намояндагони насли ҷавон Шашмақомро мусиқии куҳнашуда ё “барои пирон” унвон мекунанд.

Фароғат Азизӣ сабаби камтаваҷҷуҳии ҷавононро ба тарғиби ками ин мусиқӣ дар байни ҷомеа унвон мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд дар кишвар насли наве пайдо шудааст, ки дар асоси пардаҳои Шашмақом асарҳои нав меофаранд ва ба ин мусиқӣ таваҷҷуҳи хос доранд, вале матбуот ва ҷомеа танҳо як рӯз – 12 май дар Рӯзи Шашмақом аз он ёд мекунанд.

Ба таъкиди номбурда, барои рушд ва тавсеаи он пеш аз ҳама бояд дар сатҳи расмӣ мактабҳои махсуси кӯдаконаи мусиқии Шашмақом ва мактабҳои махсуси 11 – солаи мусиқӣ таъсис дод.

– Бояд насли нав дар фазои оҳангҳои Шашмақом ба воя расанд. Ин мусиқии касбӣ аст ва он таҳкурсии мустаҳкам ва донишро талаб мекунад, ки барои инҳо мактаб лозим аст. Мо ҳоло бемактаб ба консерватория  мегирем. Дар панҷ сол онҳо танҳо сарояндагӣ ва навозандагии Шашмақомро меомӯзанд. Эҷоди онро намеомӯзанд, чунки вақт кам аст. Мактаби суннатии “устоду шогирд” бояд таълимро аз синни 6-7 соллагӣ оғоз кунад ва он 10-15 сол идома ёбад, – афзуд Азизӣ.

Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхуҷа Баҳодуров ва Акашриф Ҷӯраев, се тан аз мақомхонони барҷастаи тоҷик дар асри гузашта


Дар ҳамин ҳол, Фурқат Саидзода аз насли нав то андозае қаноатманд аст, чунки ба гуфтаи ӯ,  ҳарчанд устодонаш ба насли онҳо танҳо тарзи навохтану сароидани Шашмақомро омӯзониданд, вале насли нав тавассути илм ба ин мусиқӣ ворид мешаванд ва аксари онҳо аллакай, пардаҳои танбур, вазни ғазалро медонанд, аз арӯз ва даф бохабаранд.

Фурқат Саидзода мегӯяд, ки  мақомхононӣ ҳамчунин, ба ҳавасмандӣ ниёз дорад, чунки он мусиқии заҳматталаб ва душворхон аст.

– Яъне, на ҳар кас ба ин мусиқӣ даст мезанад. Ин шоҳнома, шоҳкорӣ ва шиносномаи миллати тоҷик аст, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Вале имрӯз, тарғиботи он дар ВАО ва умуман ҷомеа дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ин мусиқӣ  ба дастгирии молӣ ниёз дорад. Маоши хеле ночиз наметавонад боиси рушди ин соҳаи хеле пурмашаққату заҳматталаб бошад. Имрӯз мо бояд атрофи ҳифзу нигаҳдории ин мероси ниёгон андеша кунем, ки фардо ба монанди сарзаминҳои фарҳангии аз даст рафтаамон ангушти надомат магазем, – нигаронӣ намуд Саидзода.

Тақдири Академияи мақом чӣ шуд?

Зимнан, ба хотири эҳёи анъанаи гузаштагон дар Шашмақом, барқарор кардани анъанаи дарси “устоду шогирд” ва коркарду эҷоди силсилаасарҳои нави Шашмақом солҳои аввали 2000-ум аз ҷониби чанде аз ихтиёриён дар кишвар “Академияи мақом” ташкил ёфта буд, ки бо маблағгузории Фонди Оғохон амал мекард. Роҳбарии онро овозхон Абдувалӣ Абдурашидов  ба дӯш дошт.

Ба гуфтаи огоҳони ҳол, он аз рӯи лоиҳа амал мекард ва дар доираи он чанд нафар дар якҷоягӣ таҷрибаи силсиласароиро ба роҳ монда буданд ва ҳамчунин, як китобе ҳам нашр кард.

Баъди чанд соли фаъолият, ин академия баста шуд ва гуфта мешавад, ки роҳбари собиқи он дар Ӯзбекистон кору зиндагӣ мекунад.


Зимнан, дар мавриди нақши ин академия дар рушди Шашмақом ва мақомхонӣ андашеҳо мухталиф аст. Аз ҷумла, Фурқат Саидзода бар ин назар аст, ки сарояндагони ин академия хониши ғайритоҷикона доштанд ва бо чунин хониши худ, то андозае ба Шашмақоми тоҷикӣ латма ворид карданд.

– Парастории онҳо аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ буд. Баъдан ба ҳадафшон расиданд ва маблағҳоро ба даст оварданду баста шуданд, -гуфт Саидзода.

Фароғат Азизӣ мегӯяд, нақши академияи мақом дар силсилахонии Шашмақом зиёд аст, вале дар баробари ин, чанд кори нохуб низ карданд: Шашмақомро ҳамчун матни мусиқӣ, аз асари Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва Бобоқул Файзуллов рӯбардор карда, бо номи худ нашр карданд.

Бояд гуфт, ки Шашмақом дар ҳамон шакле, ки он то даври мо нигоҳ дошта шудааст, ба шаш қисмҳои асосӣ, таҳти унвонҳои “Бузрук”, “Рост”, “Наво”, “Дугоҳ”, “Сегоҳ” ва “Ироқ” ном гирифта, дар он 252 наво ва дар охири ҳар як ҷилд матни сурудҳо оварда мешаванд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...