Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
“Шабе дар Осорхона” чӣ гуна гузашт ва дар он чиҳо ба намоиш гузошта шуд? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Шабе дар Осорхона” чӣ гуна гузашт ва дар он чиҳо ба намоиш гузошта шуд?

28
28

Шоми дирӯз, 18-уми май, бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” баргузор шуд. Ин маротибаи 10-ум буд, ки дар ин даргоҳ чорабинии байналмилаии фарҳангӣ роҳандозӣ мешавад.

Ҳазорон тамошобин барои дидани 24 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ соати 18:00 дар назди Осорхонаи миллӣ ҷамъ омаданд. Сафирони Русия, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Покистон ва чанд кишвари дигар низ дар ин чорабинӣ меҳмони вижа буданд.

Дар саҳни осорхона кӯдакон бештар аз ним соат зери суруду мусиқӣ рақсу бозӣ карданд.

Даромад ба чорабинии “Шабе дар Осорхона” соати 19:00 сар шуд ва дар дохил беш аз 20 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ тамошобинону меҳмононро интизор буд.

Ба гуфтаи Фаридун Кенҷаев, сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллӣ ва масъули баргузории “Шабе дар Осорхона”, имсол дар чорабинӣ маҳфилҳои нав ташкил гардиданд.

Ин масъул дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, имсол бори аввал барои гиромидошти таърих ва тамаддуни тоҷикон дар чорабинӣ намоишҳои “Шоҳзодаи Фархорӣ”, “Маликаи Сосониён – Бурондӯхт”, “Умари Хайём ва Абӯрайҳонӣ Берунӣ” манзури бинандагон гардид.

“Дигар иқдоми нави чорабинии “Шабе дар Осорхона” маҳфилҳои рӯбарӯ бо тамошобинон аст. Ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров маҳфил баргузор гардида, миёни наврасону ҷавонони аз 12 то 22-сола саволу ҷавоб аз китоби “Тоҷикон” ва зиндагиномаи ин аллома сурат гирифт”, – гуфт Кенҷаев.

Фаридун Кенҷаев таъкид кард, ки барои бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ намоиши маснавихонӣ ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ғазалгӯиву хатхонӣ баргузор шуд.

Тавре ӯ афзуд, дар тафовут ба солҳои гузашта, имсол дар чорабинӣ барои ҳифзи мероси фарҳангӣ барои нахустин бор дар “Шабе дар Осорхона” шашмақомхонӣ, фалакхонӣ, чакандӯзӣ ва ҳинобандӣ  низ манзури бинандагон гардид.

Ҳамчунин, чун солҳои пешин, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Душанбе дар ин чорабинӣ анъана ва фарҳанги миллии худро ба намоиш гузоштанд.

Бар иловаи ин, маҳфили “Дарси устоду шогирд – хушнависӣ” ва намоиши олами вуҳуш, инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ, шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи “Космо-ленд” ташкил ва гузаронида шуданд.

Ба иловаи ин, дар намои берунии Осорхонаи миллӣ филми ҳуҷҷатии “Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон” намоиш дода шуд.

Иброҳим Ҳомид, як шаҳрванди Эрон, ки ҳоло барои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадааст, бори аввал дар чорабинии “Шабе дар Осорхона” Осорхонаи милли Тоҷикистонро дид.

Ӯ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “таърихи муштараки Тоҷикистону Эронро дар ин ҷо мушоҳида кардам, зеро аз маснавихонӣ то хаттотӣ ва овезаҳои зебои таърихӣ бароям ошно ва диданӣ буд”.

“Ман тамошобини зиёдро дар осорхона дида, ба фарҳангпарвар будани тоҷикон боварии комил ҳосил кардам. Аз дидани намоди Умари Хайём, ки ба шавқ шеъру рубоӣ мехонд ва хониши “Маснавии маднавӣ”-и Мавлоно хеле хурсанд шудам”, – гуфт Иброҳим Ҳомид.

Ризои Баҳромзод, як сокини Душанбе, ки солҳо боз дар чорабинии “Шабе дар Осорхона” меояд, аз маҳфил ва намоишҳои нави он хурсанд шуда, дар ҳамин ҳол пешниҳод кард, ки “ин чорабинӣ дар чанд шаб гузаронида шавад”.

Ба қавли Баҳромзод, пеш гирифтани чунин иқдоми байналмилалӣ боиси хурсадӣ аст ва мардуми кишвару меҳмонони хориҷӣ “баҳона” ба даст меоранд, ки аз таърихи дуру наздики тоҷикон ва Тоҷикистон бохабар шаванд.

“Аммо анбӯҳи зиёди мардум ва мусиқии баланд каме ба тамошои бинандагону меҳмонон халал мерасонид. Ба фикри ман, беҳтар аст, ки чорабинии “Шабе дар Осорхона” чанд рӯз баргузор шавад. Агар соҳа ба соҳа тақсим кунанд ва шашмақомхониро аз шоу-консерт, ки ду мусиқии гуногун аст, ҷудо ва дар рӯзҳои гуногун манзури меҳмонони осорхона кунанд, боз беҳтар аст”, – гуфт Ризои Баҳромзод.

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии “Шабе дар Осорхона” иқдоми байналмилалӣ буда, ҳадафи он фароғати шаҳрвандон, нишон додани осорхона ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад.

Барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона” дар Тоҷикистон баъди ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори аввал соли 2013 доир шуд. Имсол 10 соли комил мешавад, ки ин чорабинӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...