Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Оғози сохтмони Боғи ҳайвоноти нав дар Душанбе. Дар куҷо месозанд? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оғози сохтмони Боғи ҳайвоноти нав дар Душанбе. Дар куҷо месозанд?

36
36

Дар Тоҷикистон корҳои оғози сохтмони Боғи ҳайвоноти нав дар Душанбе оғоз гардид, ки ба ҷойи дигар кӯчонидани он ҳанӯз соли 2020 эълон шуда буд. Ин маълумотро коргароне, ки дар ҷойи сохтмони ин иншоот кор мекунанд, тасдиқ карданд.

Боғи ҳайвоноти нав дар роҳ ба самти Варзоб, каме дуртар аз терминали “Чорбоғ” сохта мешавад.

Хабарнигори  «Азия-Плюс» аз майдони сохтмон боздид намуд ва коргарон тасдиқ карданд, ки ин мавзеъ ҳамчун боғи ҳайвонот пешбинӣ шудааст.

Яке аз коргарон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт: “Айни замон корҳои омодасозии майдон, аз ҷумла сахту ҳамвор кардани замин идома доранд”.

Коргарон дар бораи муҳлати анҷоми сохтмони иншоот ва нақшаҳои он хабар надоранд. Ба онҳо танҳо супориш додаанд, ки майдонро барои сохтмон омода кунанд ва гуфтаанд, ки дар ин ҷо боғи ҳайвонот сохта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имкон нашуд, ки аз шахсони расмӣ дар бораи анҷоми муҳлати сохтмони боғи ҳайвоноти нав маълумот дарёфт кунем.

Дар шаҳрдории Душанбе ба мо тасвия доданд, ки бо ин масъала ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт муроҷиат кунем.

Намояндагони ин Сарраёсат маълумоти мазкурро ба “Азия-Плюс” на тасдиқ карданду на инкор. Дар он ҷо ваъда доданд, ки дар ин мавзеъ чӣ гуна иншоот сохта шуданашро мушаххас мекунанд.

Хабарнигори мо аз Боғи ҳайвоноти Душанбе низ боздид намуд, то ки аз маъмурияти он доир ба ин масъала посух дарёбад.

Лекин маълум шуд, ки директор дар сафари корӣ буда, кормандони он бошанд, дар бораи оғози сохтмони боғи ҳайвоноти нав дар Варзоб чизе намедонанд.

Воқеияти мудҳиши Боғи ҳайвоноти Душанбе

Рӯзноманигори мо бо вазъи нигоҳубини ҳайвонот дар ин ҷо шинос шуд. Қаблан зикр гардида буд, ки ҷойҳои зист (панҷараҳо)-и ҳайвонот таъмиру навсозӣ  ва шароити нигоҳдорӣ беҳтар шудааст.

Ҳарчанд назар ба солҳои пешин симои зоҳирии боғи ҳайвонгот каме тағйир ёфта бошад ҳам, шароити зисти ҳайвонот, бахусус шерону хирсҳо беҳбудӣ тақозо мекунад.

Минтақаҳои зисти парандагон, шутуру аспҳо ва чорвои майдаро танҳо тариқи ранг кардани ҷойи зисташон (панҷараву оғилҳо) беҳтар кардаанд.

Лекин дигар чизҳо хеле нороҳаткунанда аст…

Деворҳои кӯҳна ва қафасҳои хурде, ки дар онҳо ҳатто гирд гаштан ғайриимкон аст, воқеиятест, ки ҳайвонҳо ба он дучоранд.

Қобили зикр аст, ки мушкили нигоҳубини ва шароити зисти ҳайвонот дар Боғи ҳайвоноти Душанбе ҷиддист ва таваҷҷӯҳи фавриро тақозо мекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот тӯли солҳои зиёд ҷонибдори тағйири вазъият ва беҳбуди зиндагии ҷонварон дар ин боғанд.

Яке аз далелҳои асосии ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот ҷанбаи ахлоқӣ аст. Ба ҳайвоноте, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, бояд диққати зарурӣ дода шуда, барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Шароити баде, ки дар Боғи ҳайвоноти Душанбе ба мушоҳида мерасад, нақзи ҳуқуқи ҳайвонот буда, боиси нигаронии ҷиддии муҳофизон табиат ва ҳайвонот шудааст.

Боғи ҳайвоноти нав чӣ гуна мешавад?

Лоиҳаи боғи нави ҳайвонот бо ҷалби мутахассисони соҳавии байнулмилалӣ бо назардошти талаботи муосири нигаҳдории ҳайвонот таҳия шудааст.

Мувофиқи тарҳи лоиҳа, дар майдони 0,40 га биноҳои маъмурӣ ва хоҷагидорӣ, 0,85 га – макони нигоҳубин ва тамошои ҳайвоноти Тоҷикистон, 0,46 га – ҷойи нигоҳубини ҳайвоноти минтақаҳои Тоҷикистон, 0,70 га – ҳайвоноти Австралия, 0,84 га – ҳайвоноти амрикоӣ, 0,61 га – ҳайвоноти қораи Осиё ва 0,90 га – ҳайвоноти Африқо сохта мешавад.

Гуфта мешавад, дар майдони 0,53 га обанбор сохта мешавад. Минтақаҳо мутобиқи шароити иқлими наздик ба табиӣ барои ҳайвонот муҷаҳҳаз мешаванд.

Боғи ҳайвоноти Душанбе соли 1961 сохта шудааст. Аммо бо гузашти вақт ин боғ симои аслии худро аз даст дода, дар тӯли шаст соли мавҷудияташ таъмиру навсозӣ нашудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...