Дар маркази шаҳри Душанбе як булдозери сохтмонӣ ба симчӯби барқӣ бархӯрда, ба такягоҳи панҷараи рекламавӣ зарар расонид, ки дар натиҷа он болои роҳгузарон афтод.
Субҳи имрӯз хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, рӯ ба рӯи «Боғи кӯдакон (варзишгоҳи «Спартак») шоҳиди ин ҳодиса гардид. Дар натиҷаи чаппа шудани панҷараи рекламавӣ ду нафар занони синнусоли 20-25-сола ҷароҳат бардошта, ба Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бистарӣ шуданд.
Дар макони ҳодиса издиҳоми зиёди одамон ҷамъ омаданд. Занони ҷароҳатбардоштаро ба ҷои бехавф бурда, пас аз тамос гирифта натавонистан бо хадамоти наҷотдиҳӣ ва ёрии тиббии таъҷилӣ, онҳоро бо мошини роҳгузар ба Қарияи Боло раҳсипор намуданд.
То ҳол дар хусуси вазъи ҷароҳатбардоштагон ва сабаби рух додани ҳодиса маълумоти расмӣ ба даст овардан муяссар нагардид.