Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду нафар кӯдакони ноболиғ қурбони садамаи нақлиёт шуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, рӯзи 8-уми август ронандаи автомашинаи боркаши ЗИЛ Муқим Қодирови 35-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз уҳдаи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ набаромада, духтарчаи 7-соларо бо мошин пахш мекунад. То ҳозир шудани мошини ёрии таъҷилии тиббӣ кӯдак ба ҳалокат расидааст.
Худи ҳамон рӯз дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Фирдавс Қурбонови 27-сола бар асари сарфи назар намудани риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ, бо автомашинаааш писарчаи 9-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерасад.
Бино ба маълумоти ВКД, дар нимсолаи аввали соли равон 574 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 171 нафар ҳалок ва 616 нафар ҷароҳат бардоштаанд.