spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Садамаи нақлиёт бо иштироки писари мушовири давлатии президент


Дар Душанбе бо иштироки писари мансабдори баландпояи давлатӣ садамаи нақлиёти навбатӣ рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд,  садама соати 8-и шоми рӯзи 14-уми август дар мавзеи буриши кӯчаҳои Шестопалов-Қарабоев, дар рӯ ба рӯи бинои шуъбаи раводид ва бақайдгирии пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст.

«Автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи Неъматулло Раҳматови 55-сола ва автомашинаи тамғаи «Лексус»-и муталлиқ ба Ораз Раҳматуллоеви 30-сола бо ҳам бархӯрданд», – гуфт манбаъ.

Таври маълум, ахирӣ писари мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсёати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев аст.

Зикр гардид, ки бар асари садама ронандаи автомашинаи «Опел» ҷароҳатҳои вазнин бардошта, баъди гузашти чанд муддате дар шифохона ба ҳалокат расидааст.

«Аз рӯйи ин далел тафтишот идома дошта, гунаҳкори садама пас аз баргузории ташхис муайян карда хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...