Снаряде, ки чанд рӯз қабл дар наздикии ноҳияи Кӯлоб мавриди инфиҷор қарор гирифт, ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳеҷ муносибате надорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз пойгоҳи мазкур хабар доданд, дар пойгоҳ назорати қатъии баҳисобгирӣ ва ҳамлу нақли аслиҳаву муҳимот ба роҳ монда шуда, зимни тамринҳои низомӣ бо оташфишонӣ тавассути асбоби махсус муҳимоти натаркидаро ба қайд мегиранд, ки сипас онҳо аз ҷониби минпоккорҳо безарар гардонида мешаванд. «Ҳамчунин бо истифода аз сагҳои хадамоти ҷустуҷӯи минаҳо мунтазам қаламрави машқгоҳҳо ва манотиқи наздики он комилан поккорӣ карда мешаванд. Айни замон тамоми муҳимоти пойгоҳ дар ҷойҳои худ қарор доранд», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод як навраси 9-солаи тоҷик аз таркиши муҳимоти ҷангӣ ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар дод, наврас муҳимоти ҷангии натаркидаро каме дуртар аз маҳаллаи аҳолинишин дарёфт намуда, ба сӯи он санг меафканад. Бо расидани санг муҳимот таркида, наврас дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, тайи солҳои ахир дар ноҳияи Шӯрообод ин нафари чаҳордаҳум аст, ки аз таркиши муҳимоти ҷангӣ талаф меёбад.