Бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД-и Тоҷикистон хабар доданд, садамаи фоҷеабор дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух додааст. «Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Даврон Набиеви 26-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Митсубиси Паҷеро» таҳти дораи Бахтиёр Абдуллоеви 41-сола бармехӯрад», – гуфтанд дар Раёсати БДА.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин бархӯрд автомашина «Мерседес» ба рӯдхонаи Фондарё сарозер меравад. «Ронандаи автомашина ва мусофирони он – Таҳмина Холматоваи 35-сола, Саида Ғафуроваи 15-сола, Парвина Ғафуроваи 5-сола ва Ҷаҳонгир Ғафуров дар дарё ғарқ шудаанд», – афзуд манбаъ.
Зикр гардид, ки айни замон ҷиҳати дарёфти ва берун овардани ҷасади фавтидагон чораҳо андешида мешаванд.