Бар асари муноқишаи ҷавонон, ки шоми рӯзи 26-уми август дар Душанбе рух дод, як ҷавони 20-сола ба ҳалокат расид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба гумони даст доштан дар ин куштор мақомот афроди қаблан маҳкумшуда – Шералӣ Муродови 21-сола, Субҳонқул Тошзодаи 19-сола ва Шарифҷони Абдулазизи 22-соларо боздошт намудаанд.
Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки нимашаб ин се нафар ба як гурӯҳи ҷавонон – Сорбон Музаффарбеков 20-сола, Даврон Нозимов ва Ҷамшед Ибодови 22-сола дарафтода, Шералӣ Муродов бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани Сорбон Музаффарбеков задаст, ки дар натиҷа ахирӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст», – хабар медиҳад ВКД.
Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.