Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаи нақлиёт ду нафар сокинони вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояи Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯъмон Бобоҷонов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинааш ба автомашинаи мутааллиқ ба сокини 52-солаи вилояти Хатлон Иззатулло Рустамов бармехӯрад.
Ба иттилои манбаъ, бар асари ин садама ронандаи «Хундай» ва мусофири он – сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муталӣ Раҳимов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. «Мусофири дигари ин автомашина сокини 27-солаи ҷамоати Унҷӣ Ҳусейн Латифов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба шифохонаи ноҳияи Варзоб мунтақил шудааст», – гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 207 ҳодисаи (ҳамин давраи соли 2011 – 222) садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 97 нафар (соли 2011 – 104 нафар) ҳалок ва 218 нафар (соли 2011 – 225 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.