Овохони эстрада Нигина Амонқулова соли равон клипи дуюми худ таҳти унвони «Пурнурам»-ро пешкаши ҳаводорони эҷодаш гардонид. Муаллифи шеър Орзу Исоев буда, оҳангсоз Даврони Раҳматзод ин сурудро ба оҳанг даровардааст. Наворбардории клипи мазкур дар Қалъаи Ҳисор сурат гирифтааст.
Муддати ду рӯзи интишор шудани клип дар видеохостингиYouTube онро аллакай беш аз 12 ҳазор нафар тамшо кардаанд. Аввали сол клипи Нигина Амонқулова дар мавзӯи муҳоҷират бо номи «Ёри мусофир» рӯи навор омада буд.