Овозхонони маъруфи тоҷик Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов ахири моҳи май ба се шаҳри Русия сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.
Онҳо бо барномаи консертӣ таҳти унвони «Эй ҳамватанаон» дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар ин бора ба ҳаводорони сарояндагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ созмондеҳи ин сафар Манучеҳр Ҷумъаев хабар додааст.
Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоии муроҷиати Ҷонибек ва Шабнам гузошта шудааст, ки дар он онҳо мухлисони эҷоди худро ба консертҳояшон дар толори киноконсертии «Россия» дар Маскав – 22 май, Хонаи фарҳанги ба номи Горкий дар шаҳри Санкт-Петербург – 23 май ва Хонаи фарҳанги ба номи Лавров дар шаҳри Екатеринбург – 25 май даъват мекунанд.