Шабакаи телевизиони давлатии «Сафина» суруди «Пайкара гиря мекунад»-ро, ки аз ҷониби овозхони маъруфи кишвар Афзалшоҳи Шодӣ дар шаби эҷодии шоир Озарахш пеш аз ҷашни Наврӯз иҷро карда шуда, ба даргирҳои хунин дар Шарқи Наздик аз ҷумла, Ироқу Сурия бахшида шудааст, ба намоиш нагузошт.
Зимни шарҳи ин масъала дар нишасти хабарӣ муовини роҳбари шабакаи телевизиони «Сафина» Карим Азизов изҳор намуд, ки ин суруд бо назардошти омилҳои ахлоқӣ аз эфир гирифта шудааст.
«Имрӯз барномаҳои моро дар саросари ҷаҳон тамошо мекунанд ва мо ҳама гуна маводу гузоришро пахш карда наметавонем. Шаби эҷодии шоир пеш аз ҷашни Наврӯз намоиш дода шуд. Афзалшо Шодиев бошад, зимни иҷрои суруд ба зону нишаста ва баъзан гиря ҳам мекунад. Чӣ гуна метавон ин ҳолатро ба намоиш гузошт, вақте дар кишвар ид аст?», – гуфт Карим Азизов.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ангезаи сиёсӣ доштани ин масъаларо рад намуда, таъкид дошт, ки дар шабакаи телевизиони «Сафина» мудом рӯйдодҳои Сурия инъикос гардида, дар ин мавзӯъ барномаҳои алоҳида ҳам пахш мешаванд. «Ҳамкории мо бо Афзалшо Шодиев идома дошта, минбаъд низ дигар сурудҳои ӯ дар шабака пахш хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.
Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Афзалшо Шодиев дар мавриди ин масъала зикр кард, ки дар шабакаи телевизион ба ӯ шарҳ додаанд, ки қайчӣ шудани ҳунарнамоии ӯ аз барномаи шаби эҷодӣ ба мушкилоти техникӣ марбут будааст.
«Вале ман хафа нашудаам. Шукри Худо интернет мавҷуд буда, сурудро дар он аллакай ҳудуди 400 ҳазор нафар корбарон тамошову гӯш додаанд. Чун дар суруд аз дарди ҷомеа сухан меравад, он дар қалби шунавандагон на камтар аз дигар таронаҳоям ҷойи худро ёфт», – илова намуд овозхон.