Дар натиҷаи лағзиши тарма дар роҳҳои мошингард ба самти Хоруғ, алоқаи автомобилӣ бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ қатъ шуд.
Тавре навбатдори фаврии ситоди ҳолатҳои фавқулода дар вилоят хабар дод, то субҳи имрӯз роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ аз деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз (240 км аз Хоруғ) то ноҳияи Рӯшон ва роҳи мошингарди Хоруғ – Мурғоб дар мавзеи деҳаи Барсем (15 км аз Хоруғ) зери тармаву барфрезиҳо қарор доранд.
Ба иттилои манбаъ, роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим аз маҳаллаи Ниводак (ш.Хоруғ) то оғози қаламрави ноҳияи Ишкошим ва роҳи автомобилгарди Хоруғ – Роштқалъа низ бо тармаву барфрезиҳо пӯшида аст.
Тибқи маълумоти ситод, дар роҳи Хоруғ – Ишкошим сокини ноҳияи Ишкошим Давлатсултон Зулфиқорбекова ва хизматчии ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадӣ Шоҳқосим Шодмонбеков зери тарма монда ҳалок шудаанд ва ҷасади мард то ҳол дарёфт нашудааст.
Директори идораи обуҳавошиносии Хоруғ Кишваршо Наврӯзшоев сабаби тармафароиҳои зиёдро боришоти беҳад зиёд дар рӯзҳои 28-29 январ ва нисбатан гармшавии обуҳаво унвон карда, зикр кард, ки танҳо рӯзи 28 январ муддати як шабонарӯз дар ВМКБ то баландии 55 см барф борид ва рӯзҳои наздик низ дар натиҷаи гармшавии ҳаво ҳодисаҳои тармафароиву барфрезиҳо аз эҳтимол дур нест.