Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта бар асари барфрезии зиёд дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд хеле бисёр тарма фаромад, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Вазорати нақлиёт, ВКД ва ширкати IRS то ҳол ба бартараф кардани оқибатҳои он машғуланд.
Ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ субҳи рӯзи 31 январ барқарор шуда, вале эҳтимоли фаромадани тармаҳо то ҳол вуҷуд дорад. Бар асари ин ҳодиса нуҳ нафар, аз ҷумла як корманди милитсия Саюмарс Гулмадови 22-сола ба ҳалокат расида, боз як нафари дигар бедарак шудааст.