Дар маркази маъмурии вилояти Суғд шаби рӯзи 19 март як автомашина аз болои купрӯхкба Сирдарё чаппа шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрда, автомашинаро аз болои купрӯк ба дарёи “Сир” чаппа намудааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири автомашина марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе шино карда, ба соҳили дарё баромада, мусофири дигари автомашинаи мазкур марди 24-солаи сокини шаҳри Хоруғ аз дохили дарё то ҳол дарёфт нашудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки барои дарёфт намудани ҷасади ҷавони ғарқшуда ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ таъсис дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.