Дар мавзеи Пишпарини ноҳияи Шуғнон, ки дар километри 23-юми роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим воқеъ аст, кӯҳпораи азиме канда шуда, 60 метри роҳро баст.
Ба гуфтаи сардори ин қитъаи роҳ Сафар Гулмамадов, ду таркиши суратгирифта дар ин шах бо иқтидори 100 кило мавод ҳеҷ натиҷае надода, акнун бо маводи иқтидори 500 кило таркиш анҷом доданианд.
Одамоне, ки ҳозир бо ин роҳ сафар доранд, пиёда ин шахро гузашта, ба роҳи худ идома медиҳанд ва дар ин кор ба онҳо ихтиёриён кумак мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.