Дар даромадгоҳи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд қатораи боркаши иборат аз 6 вагони пӯшида аз релсҳо бероҳа ва чаппа шуд.
Қатораи бидуни тепловоз, ки мутаносибан дастгоҳи манъкунӣ (тормоз) ҳам надошт, бо майли худ то гузаргоҳ аз роҳи оҳан фаромада, панҷ метр дуртар аз хоначаи навбатдори гузаргоҳ таваққуф кардааст. Се вагон чаппа ва дутоаш аз релсҳо бероҳа шудааст. Ҳамаи вагонҳо холӣ будаанд.
Як намояндаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба «Азия-Плюс» гуфт, тибқи фарзияи пешакӣ, дар вагонҳо воситаҳои таваққуф нодуруст ё умуман гузошта нашудаанд, ки дар натиҷа қатора аз нишебии начандон баланд аз ҷояш ба ҳаракат даромадааст. «Хайрият ин ҷо хатти роҳи оҳан сарбаста (тупик) буда, касе аз ин ҳодиса осеб надид», – иброз дошт номбурда.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.