Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхтор дар бозори бузургтарини кишвар – «Корвон»-ро, ки шаби 2 июл рух дод, расман шарҳ дод.
Тавре дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, мувофиқи хулосаи пешакии мутахассисон, сабаби сар задани сӯхтор аз рӯи хулосаи пешакӣ расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ба ҷои ҳодиса 28 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва зиёда аз 2000 нафар ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуда, ҳаҷми зиёни расида аз сӯхтор муайян карда мешавад.
Тибқи гуфтаҳои шоҳидон, сӯхтор дар мавзеи даромадгоҳ ба дарвозаҳои рақами 5, 6 ва 7 сар зада, оташ дӯконҳои фурӯши яклухти шимҳои ҷинс ва пойафзолро фаро гирифтааст. Ин ҳодиса шомгоҳон, ҳангоми баста будани бозор сурат гирифтаааст. Дар сӯхтор ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Қобили зикр аст, ки имрӯз бозори «Корвон» ба таври муқаррарӣ фаъолият дошта, танҳо дӯконҳои аз сӯхтор зарардида кор намекунанд ва дар ин ҷо комиссия машғули кор буда, ҳаҷми зиёни расидаро муайян мекунад.