Ин ҳодиса рӯзи 8 июл дар наздикии деҳаи Хостави ноҳияиДарвоз рух дод: аз ҷониби Афғонистон ярч лағжида, дарёи Панҷро мепӯшонад ва дар натиҷа об аз соҳилҳо баромада, деҳа зери об мемонад. Бар асари ин ҳодиса 22 манзили сокинони деҳа ва ҳамчунин як қисмате аз роҳи Хоруғ – Душанбе зери об монд.
Навори видеои ин ҳодисаро як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук Қаноат Ёдгорӣ гузоштааст.