Бар асари садамаи нақлиёти даҳшатнок, ки дар маҳаллаи аҳолинишини Валии вилояти Самараи Русия рух дод, 4 нафар ба ҳалокат расида, боз як нафари ҷароҳатардошта дар бемористон бистарӣ шудааст.
Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, ҳодиса субҳи рӯзи 13 июл рух дода, автомашинаи тамғаи хориҷии Hyundai Solaris ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ мебарояд ва ба автомашинаи боркаш (фура)-и Renault Magnum бархӯрда, дар натиҷа дар мавзеи паҳлӯи роҳ чаппа мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират, ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Ҳалокшудагон – Раҳимов Кенҷа Аҳмадович, с/т 1963, Роибов Муҳаммадӣ Пирмаҳмадович, с/т 1997, Бойқулов Маҳмудҷон Алимхонович, с/т 1984 ва Саидмуродов Мурод Саидмуродович, с/т 1963 зикр шудаанд.
Шаҳрванди панҷуми Тоҷикистон – Мирзоев Ҳоким Мадалиевич, с/т 1975 ба беморхонаи шаҳри Жигулевск мунтақил шуда, дар шуъбаи эҳёгарии он қарор дорад.