Рӯзи 22 ноябр як мард вориди даромадгоҳи бинои раёсати ФСБ – Хадамоти федералии амнияти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, воқеъ дар кӯчаи Литейная, 4 шуда, ба як афсари ФСБ дарафтод ва ӯро латукӯб кард. Афсарони дигари ФСБ билофосила ин мардро дастгир карданд.
Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com бо такя ба гузориши нашрияи "Фонтанка”-и чопи Петербург, тафтиш нишон додааст, ки ҳамлагар шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Муртазо Маҳмудзода буда, аз соли 2014 дар вилояти Калинингради Русия сабти номи расмӣ доштааст. Ӯро бар асоси нақши ангуштонаш, ки дар картотекаи мақомоти интизомӣ вуҷуд дошт, муайян кардаанд.
Баъди нахустин бозпурсӣ Маҳмудзодаро барои ташхис ба бемористони амрози равонии рақами 6, воқеъ дар соҳили канали Обводной фиристодаанд. Табибон бояд вазъи равонии ин шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кунанд, ки чаро дар дохили бинои ФСБ ба зидди як афсари ин идора мушт бардоштааст?
Ба Муртазо Маҳмудзода бар асоси қисми аввали моддаи 318 барои ҳамла ба намояндаи давлат ҳамчун ҷазо аз ҷарима ба маблағи 200 ҳазор рубл то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар тафтишот ба хулосае бирасад, ки ҳамлаи ӯ ба ҳаёти афсари ФСБ хатар дошт, ҳукмаш бар аосси қисми дуюми моддаи 318 алакай то 10 соли зиндон аст.