Аз сӯхтор дар фабрикаи истеҳсоли пойафзол дар яке аз ноҳияҳои вилояти Новосибирск шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надиданд.
Тавре котиби матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ хабар дод, маълумот дар бораи ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳодиса носаҳеҳ аст.
«Шахсони расмӣ ба мо хабар доданд, ки дар ин корхона шаҳрвандони Тоҷикистон кор намекардаанд», – иброз дошт номбурда.
Тибқи маълумоти охирин, зимни сӯхтор дар корхонаи пойафзолбарорӣ 10 нафар ҳалок шуда, 7 нафарашон шаҳрвандони Чин, 2 тан – шаҳрвандони Қирғизистон ва 1 каси дигар – шаҳрванди Русия будаанд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ВАО-и Русия хабар дода буданд, ки дар ноҳияи Искитимски вилояти Новосибирски Русия бар асари сӯхтор дар корхонаи истеҳсоли пойафзол 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Чин ҳалок шуданд.