Шоми рӯзи 4 июн байни сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғзистон муноқишаи навбатӣ ба амал омад. Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон аз силоҳ истифода бурда, ҳамтоҳои қирғиз ба безарар гардонидани онҳо талош варзиданд, хабар медиҳад хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон. Раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон алҳол хомӯширо ихтиёр кардааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон, шоми рӯзи 4 июн дар қитъаи «Футбольное поле» дар мавзеи Максати ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз муноқиша сар зада, сарҳадбонони тоҷик аз аслиҳа ба ҳаво тир кушодаанд, менависад АКИpress.
Гуфта мешавад, ҷониби Қирғизистон сабаби муноқишаро риоя нашудани тарзи рафтор дар сарҳад аз ҷониби марзбонони тоҷик унвон кардааст. Тибқи маълумоти хадамоти сарҳадбонии ин кишвар, марзбонони тоҷик шаҳрвандони Қирғизистонро аз қитъаи «Футбольное поле» рондаанд. Онҳо дар ин ҷо ба савдо машғул будаанд.
«Гурӯҳи марзбонони Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса омада, хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистонро аз номақбул будани ҳалли масъала бо чунин восита огоҳ карда, изҳор доштаанд, ки онҳо ғайриқонунӣ дар қитъаи ҳоло мувофиқанашуда қарор доранд ва талаб кардаанд, ки ин ҷоро тарк кунанд. Сарҳадбонони тоҷик иҷрои талаби онҳоро рад намуда, ҷанҷолро оғоз карданӣ шудаанд ва ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Баъди ин аз ҷониби гурӯҳи сарҳадбонони қирғиз боздошт шуданд», – қайд мешавад дар изҳороти Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон.
Дар изҳорот зикр мегардад, ки пас аз вохӯрии намояндагони мақомоти сарҳадбонии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ба муноқиша хотима бахшида шудааст.
Бино ба иттилои хабаргузории Turmush, чор нафар хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон, ки ҳангоми ин муноқиша боздошт шуда буданд, ба ҷониби Тоҷикистон супурда шудаанд. Ин маълумотро дар Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон тасдиқ кардаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.