Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 9 май дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт иштирок карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба ба Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо гузориш дод.
Сипас баъди садо додани суруди миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик суханронӣ намуда, рӯзи ғалабаро ба ҳамаи собиқадорони ҷанг ва ба мардуми сулҳхоҳи кишвар самимона табрик гуфт.
“Рӯзи ғалаба барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихори мост, садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон паҳлу ба паҳлуи намояндагони халқҳои дигар дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд”, – таъкид дошт Сарвари давлат зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомад, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми халқи азизи Тоҷикистонро ба ифтихори Иди ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар саломатӣ, хонаи обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдор орзу кард.
Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи ҷовидон сурат гирифта, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар “Боғи ғалаба”-и пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.