Имрӯз тақрибан соати 10:30 дақиқа яке аз ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи 11-уми муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод”, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе оташ гирифт. Дар ошёнаи мазкур расонаҳои “Оила” ва “Тоҷикистон” ҷойгиранд.
Ҳамаи кормандони муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” ва идораҳои ВАО фавран аз бино берун бароварда шуданд. Ҳеҷ кас осеб надидааст.
Ба ҷойи ҳодиса тақрибан 15 мошини оташнишонӣ ҳозир шуда, дар давоми 20 дақиқа алангаро хомӯш карданд.
Аз рӯйи маълумоти пешакӣ, сӯхтор аз сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба амал омадааст.
Дар ҷараёни оташнишонӣ таъмини қувваи барқ дар бино қатъ карда шуд.
Баъд аз хомӯш кардани оташ кормандони “Шарқи озод” ва расонаҳо ба коргоҳи худ баргаштанд.
Хадамоти оташнишонӣ ҳаҷми зарари сӯхтори имрӯзаро муайян мекунанд.
Қобили зикр аст, ки ду ҳафта пеш хадамоти оташнишонии пойтахт дар муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” тамринҳои зиддисӯхтор гузарониданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.