Бар асари боришоти зиёди рӯзи 14-уми май дар деҳаи “Неъматулло Асадулло”-и ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон даҳҳо манзили мардум зери лойқа монданд.
Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки якчанд хонаи сокинони деҳаи “Неъматулло Асадулло” аз ин офати табиӣ осеб диданд.
“Вазъи ноҳия вазнин аст. Сели дирӯза ба 3 ҷамоати деҳоти ноҳия омад ва лойқа ба ҳавлию хонаҳои мардум даромад. Минтақаи вазнин деҳоти “Неъматулло Асадулло” ва “Ҳалқаҷар” аст. Ҳамчунин сели дирӯза беш аз 100 метри роҳи мошингарди Пахтаобод – Айниро пурра шуста, бурдааст. Айни замон комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ҳаҷми хисороти селро ҳисоб мекунад”, – гуфт раиси ноҳия.
Сафарзода ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон дар ҷойи ҳодиса баҳри бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо намояндагони мақомоти ноҳия фаъолият карда истодаанд. Ҳам аз вилоят ва ҳам аз худи ноҳия техникаи боркашу булдозерҳо дар ду деҳаи вазъияташон вазнин кор мекунанд.
Ба гуфтаи сокинони деҳаи “Неъматулло Асадулло”, борони сахт соатҳои 17-и бегоҳи 14-уми май оғоз гардид.
“Дар аввал каме ташвиш шудем, вале чунин оқибатро интизор набудем. Аллакай худи ҳамон лаҳзаҳо раиси ноҳия ва дигар мақомдорон омада, бо техникаҳои боркаш мардуми деҳаро берун бароварданд. Агар мардумро сари вақт намебурданд, талафоти ҷонии зиёд мешуд”, – нақл кард як сокини деҳа.
Бар асари селбориши 14-уми май як сокини 55-солаи ноҳия ба ҳалокат расид.
Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи Халқаҷари ноҳияи Хуросон 21-уми март низ сел омада буд. Дар он ҳодиса ба зиёда аз 200 ҳавлии мардум лойқа даромада, ҳамчунин як сокини ҳамин деҳа фавтида буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.