Шаби гузашта дар бозори “Деҳқон”, воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, оташ зиёда аз 100 метри мураббаъ майдони савдоро фаро гирифтаааст. Дар ин бозор асосан ба таври яклухт сабзавоту мева фурӯхта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор баъди нимашаб, тахминан соати 00:40 дақиқа сар задаааст. Наздики 10 дастаи оташнишонон ба ҷой ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати ним соат сӯхторро хомӯш ва манбаъҳои сар задани онро безарар гардонидаанд.
Ҳеҷ касе аз сӯхтор осеб надида, зиёни расида ба бозор муайян карда мешавад.
Мутахассисони ВКД ба ошкор кардани сабабҳои сар задани сӯхтор машғуланд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои ин сӯхтор гузошта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.