Дар наздикии соҳилҳои Сардиния дар Италия қаиқи бодбондор (яхта, киштии хурд)-и 50 метраи Lady MM, ки аз Капри ба Сардиния раҳсипор буд, оташ гирифта, ғарқ шуд, менависад 24.kz.
Бино ба маълумоти «Ассошэйтед Пресс», миёни бошандагон 9 нафар кормандони ҳайати киштӣ ва 8 нафар сайёҳон аз Қазоқистон ҳузур доштаанд. Гуфта мешавад, ҳеҷ касе аз мусофирон осеб надидааст. Ҳангоми сӯхтор ҳеҷ кадоме аз мусофирон осеб надида, киштиро тарк ва ба қаиқи хурд гузаштаанд.
Дар навори видеои аз ҷониби посбонони соҳил сабтшуда метавон дид, ки киштии хурд ҳамагӣ дар муддати якчанд дақиқа оташ гирифта, сипас хеле зуд ғарқ мешавад. Сабабҳои сар задани оташ таҳқиқ мешаванд. Ба гуфтаи наҷотбахшон, хомӯш кардани сӯхтор ғайриимкон буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.