Субҳи 7 феврал дар Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Панҷ нозири минтақавии милитсия сарлейтенант Меҳроншо Ҷумъаев аз тири силоҳи оташфишон фавтид.
Холиқназар Ҷумъаев, яке аз пайвандони марҳум ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки ҳодиса соати 4-и субҳи 7 феврал рух дода, дар раҳбарияти ШВКД Панҷ ба онҳо гуфтаанд, ки Меҳроншо ва ҳамкори ӯ соати дуи шаб навбатдориро қабул ва баъди ду соат бастро супоридаанд.
“Аввал Меҳроншо силоҳашро супорида, вақте ки дар китоб имзо мегузорад, ҳамкори ӯ тасодуфан куланги автомати Калашниковро пахш мекунад, – иброз дошт Холиқназар Ҷумъаев. – Аз автомат ду тир холӣ шуда, яке ба шифт ва дигараш ба тахтапушти ҷиянам бармехӯрад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷояш ба ҳалокат расидааст”.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷасади Меҳроншо Ҷумъаев дар зодгоҳаш – ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба хок супурда шудааст.
Дар маросими ҷанозаи марҳум сардори ШВКД ноҳияи Панҷ Шамсулло Маҳмудзода иштирок кардааст.
“Ба мо гуфтанд, ки ин як ҳодисаи нохуш асту нисбат ба корманде, ки аз беэҳтиётӣ куланги силоҳро зер кардааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, – нақл кард Ҷумъаев. – Ба гуфтаи сардори ШВКД Шамсулло Маҳмудзода, камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар бинои ШВКД бо кадом сабабе он шаб кор накарда, вайрон шудаанд”.
Ин хеши наздики марҳум умедвор аст, ки тафтишоти ин ҳодиса воқеъбинона гузаронида мешавад: “Агар ин ҳодисаи нохуш бошад, ин далелро қабул мекунем. Ба мо посух надоданд, ки чаро камераҳо кор намекунанд. Алҳол ҷараёни тафтишотро пайгирӣ намуда, ҳозир натиҷаҳои ташхиси судиву тиббиро интизорем”.
Як манбаи “Азия-Плюс” дар прокуратураи ноҳия дар ин робита хабар дод, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, лекин саҳеҳан дар бораи бо кадом модда оғоз гардидани парванда ва дигар ҷузъиёти ҳодиса маълумот надод.
Тибқи маълумоти пайвандону наздикони Меҳроншо, ӯ як сол пеш Академияи ВКД Тоҷикистонро хатм намуда, то моҳи сентябри соли 2020 дар ШВКД ноҳияи Шаҳритус кор мекард. Моҳи сентябри соли гузашта ба вазифаи нозири минтақавии милитсияи ШВКД ноҳияи Панҷ гузаронида шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.