Ду нафар – ронандаи мошини бензинкаш ва падари ӯ дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар километри 64-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
“Ронандаи 29-солаи автомобили бензинкаш, сокини ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба нишебии умқаш 30 метр сарозер шудааст ва ронандаву мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – омадааст дар маълумоти Кумита.
Гуфта мешавад, сокинони маҳал ҷасади падару писарро аз нишебӣ бароварда, ба бемористони ноҳиявии Варзоб интиқол додаанд ва аз он ҷо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
КҲФ бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки бар асари гармшавии ҳаво ва боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма ва сангреза вуҷуд дорад.
Ба ин тариқ, шабонарӯзи гузашта дар қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим 16 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, дар қаламрави деҳаи Риҷист дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ санргеза ба як манзил қисман зарар расонидааст. Айни замон роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим баста буда, корҳои тозакунии он идома доранд.
Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз ҷамъоварии ҳезум, молчаронӣ дар чарогоҳҳо, сафару сайругашт дар мавзеъҳои хатарнок, ки дар онҳо эҳтимолияти фаромадани тарма вуҷуд дорад, худдорӣ кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар аз вазъи роҳҳо огаҳӣ ёфта, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои минтақаи кӯҳистон ё қитъаҳои хатарноки роҳ масофаи ҳаракат байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.